Рубрики Хабарҳо

Силоҳҳои дурбурди Укроин фасли тозае дар ҷанг бо Русияро оғоз кардаанд

Ракетҳои дурбурди эҳдоии Амрико ба артиши Укроин бо тавони зарбаҳои нобудкунанда ва замингир кардани нерӯҳои рус дар шарқи Донбасс, метавонад ҷангро вориди марҳалаи тозае кунад ва роҳро барои ҳамали ҷавобиии нерӯҳои Укроин ҳамвор созад. 

Беш аз 150 рӯз аз оғози ҳамлаи нерӯҳои рус ба хоки Укроин ва ишғоли манотиқе дар ин кишвар мегузарад. Ричард Мур, раиси Созмони иттилооти берун марзии Бритониё (MI-6) дар арзёбии худ аз вазъияти ҷанги Русия ва Укроин мегӯяд, ки нерӯҳои рус дар шароити хуби ҷангӣ ба сар намебаранд, аммо дар айни ҳол маълум ҳам нест, ки оё артиши Укроин тавони истифода аз шароити мавҷуд ба нафъи худро дорад ё на. 

Далоили бисёре ҳам дар ҷабҳаи ҷанг ва ҳам дар ҷабҳаи сиёсӣ барои тарроҳии як ҳамлаи тамомайёр аз сӯи нерӯҳои укроинӣ вуҷуд дорад. Далоили сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомӣ, ки аз лузуми як амалиёти густурда ҳикоят дорад. 

Институти мутолиоти ҷанг дар гузориши рӯзонаи худ аз эҳтимоли оғози ҳамлаи ҷавобии нерӯҳои укроинӣ дар рӯзҳои гузашта сухан ба миён оварда ва аз коҳиши оташи тӯпхонаҳои русҳо дар минтақаи Донбасс аз 15 июл ба думболи ҳадаф гирифта шудани анборҳои муҳиммоти онҳо бо сомонаи ҷадид ва дурбурди “Ҳиморс”-и Укроин хабар додааст. Ин ракетандозҳо бурди муассире баробар бо 80 километр доранд. 

Ба гузориши муассисаи мутолиоти ҷанг, нерӯҳои укроинӣ тамоми пулҳоро ҳам дар минтақаи Херсон, ки имкони иртибот ва дастрасии нерӯҳои рус ба манобеъи пуштибониашон дар соҳили шарқии рӯди Днепрро мумкин месохт, тарконидаанд. 

Владимир Зелинский, раисҷумҳури Укроин рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта пас аз ҷаласа бо фармондеҳони амниятии ин кишвар эълом кард: “мо тавони лозим барои пешравӣ ва хисорат ворид кардан ба нерӯҳои ишғолгарро дорем.” 

Дар ҳоли ҳозир талафоти ҷонии нерӯҳои укроинӣ аз рақами 100 то 200 низомӣ дар моҳи май ба 30 нафар дар рӯз коҳиш ёфтааст. Ин омор баёнгари вуруди ҷанги Укроин ба марҳалаи тозае аст. 

Аз сӯи дигар фармондеҳони рус дар фикри пайдо кардани роҳе барои дар амон мондан аз тирраси ракетандозҳои тозаи нерӯҳои укроинианд. Русҳо дар чораандешӣ мумкин аст талош кунанд то ин сомонаҳои мушакиро бо ҳамалоти ҳавоӣ нобуд кунанд. 

Пас русҳо дар талошанд то роҳи тоза барои дастёбӣ ба манобеъи пуштибонии худ пайдо ва ҳамзамон сомонаҳои ракетандози ҷадиди Укроинро нобуд кунанд. Артиши Укроин дар ҳар ду ин сенария агар саҳлангорӣ кунад фурсати пешомадаро аз даст медиҳад. 

Ҳамзамон, барои артиши Укроин ҷилавгирӣ аз пешравии русҳо бидуни итминон ҳосил кардан аз дарёфти таслиҳоти бештар назири тӯпхона, худравҳои зиреҳӣ ва системҳои зиддиҳавоӣ аз ҳампаймонони худ, ғайримумкин аст. 

Аз сӯи дигар дар шароити кунунӣ як ҳамлаи номуваффақ ҳам метавонад нерӯҳои укроиниро дучори мушкилоти ҷиддӣ кунад. 

Бо тамоми ин мулоҳизот раисҷумҳури Укроин дар моҳи гузашта ваъда дод тамоми заминҳои аздастрафта дар ҷанубро бозпас гирад. Заминҳое ки дастёбӣ ба обҳои озод ва ҳамчунин саноати мавҷуд дар ҳошияи дарёи Днепрро, ки танҳо 50 километр бо ҷабҳаи ҷанг фосила доранд, мумкин месозад. 

Аз сӯи дигар, Русия дар талош аст то манотиқи бештаре мисли Запороже ва Херсонро замимаи ду минтақаи Луганск ва Донетск кунад, ду минтақаи ҷудоиталаби таҳти ҳимояти Маскав, ки эъломи истиқлол кардаанд. 

Ба гузориши Блумберг, як мақоми наздик ба вазорати дифоъи Русия, ки нахоста номаш фош шавад ба ин расона эълом кардааст: “дар ҳоле, ки Укроин таслиҳоти нав дарёфт мекунад нерӯҳои Русия бештар ва бештар маҷбур ба истифода аз таслиҳоти кӯҳнатар мешаванд.” 

Игор Гиркин фармондеҳи нерӯҳои ҷудоиталаби Донбасс низ, ки пештар дар додгоҳи ғоибона (Default judgment) дар Ҳоланд ба ҷурми қатл ва сарнагунии ҳавопаймои хутути ҳавоии Малайзия ва кушта шудани 298 мусофири ин парвоз дар соли 2014 муҳокима шуда буд, дар робита бо шароити кунунии нерӯҳои рус дар ин минтақа гуфтааст: “мо таслиҳоти лозим барои ҳамла ба умқи хоки Укроинро надорем.” 

Бо ин тартиб, як ҳамлаи ҷавобӣ аз сӯи Укроин дар минтақаи Херсон метавонад пирӯзиҳои муваққат ба ҳамроҳ дошта бошад, зеро нерӯҳои руси ҳозир дар ин минтақа бисёр заиф ҳастанд ва мавқеияти муносибе надоранд, чун дарёи Днепрро пушти сарашон аст. 

Николай Белисков муҳаққиқи маркази мутолиоти стратегии давлати Укроин дар ин робита гуфт: “дар ниҳоят ин як ҷанг миёни оташборҳо ва нерӯҳои тӯпхонаии ду кишвар аст. Ва ин ба он маъност, ки мо ба таҷҳизоти тӯпхонаии бештаре эҳтиёҷ дорем. Ҳам барои умқи тактикӣ бо 20 то 25 километр, ҳам сомонаи мушакии “Ҳеморс” бо 80 километри бурди муассир ва ҳам “сомонаи мушакҳои тактикӣ” бо бурди 300 километр”. 

Укроин сомонаи мушакии “Ҳиморс”-ро дарёфт кардааст ва шоҳиди таъсироти он бар афзоиши қувваҳои дифоъии Укроин ҳастем аммо то кунун хабаре мабнӣ бар таъйиди ирсоли “сомонаҳои мушакҳои тактикӣ” бо бурди 300 километр аз сӯи Амрико ба Укроин нашр нашудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *