Навбати азхудкуни бизнеси мардум ва ғасбҳои рейдерӣ, ки аз хусурбачаи раисҷумҳур Ҳасан Асадуллозода ба духтару домоду писаронаш гузашта буд, ҳоло дар ҳоли гузаштан ба наберагонаш аст.
Ҳасан як нафар буд, духтару фарзанду домодҳо 16 нафар, аммо набераҳои Эмомалӣ Раҳмон наздики 40 нафаранд, ки агар ҳама аз паи волдонашон раванд, кулли Тоҷикистон барояшон камӣ мекунад.
Нахустнабераи раисҷумҳур Исмоил Соҳибов, ки бинобар таблиғи расонаҳои давлатӣ ва чоплусону тамалуқкорон ба “соҳибкори ҷавону саховатманд” табдил шудааст, ба сохтану ғасби бозорҳо ва кӯчондани маҷбурии савдогарон аз бозорҳои дигар ба бозорҳои худаш шурӯъ кардааст. Айнан ҳамон коре, ки солҳост падарашу домодҳои дигари бобояш ва ба бахусус Соҳибови дигар — Шамсулло анҷом медиҳанд.
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Исмоил Соҳибов дар маркази қабули пахтаи (хлоппункт) қаблӣ, ки онро ҳам бидуни кадом маблағе азхуд карда, бозори нав сохтааст. Аммо тибқи анъанаи оилавӣ, ин бизнеси нави “соҳибкори ҷавону саховатманд” хонаи даҳҳо тоҷирро хароб намудааст.
Боз ҳам тибқи анъанаи кайҳо дар кишвар роиҷ, тамоми мақомоти ноҳия, сар аз ҳукумату додситониву амнияту пулис то хадамоти сӯхторхомӯшкуниву беҳдоштӣ дар хидмати нахустнабераи раисҷумҳур қарор гирифтаанд, то бизнеси нави ӯ ҳарчи зудтар ба овардани даромад шурӯъ кунад.
Тамоми савдогарони бозори қадимии “Сомониён”, ки ҳудуди 200 нафар гуфта мешаванд, фармон гирифтаанд ҳарчи зудтар дӯконҳои худро ба бозори нави “соҳибкори ҷавону саховатманд” Исмоил Соҳибов интиқол диҳанд. Ҳатто бештари онҳое, ки то ин ҳамон дар кӯчаву гузарҳо дӯкон доштанд, маҷбуранд дӯконҳояшонро ба бозори набераи раисҷумҳур интиқол диҳанд.
Аксари савдогарони бозорҳову соҳибдӯконҳо ба кӯчидан розӣ нестанд ва мегӯянд бозори нав дар ҷои мувофиқе несту тиҷораташон касод мешавад. Аммо кай ҳарфи мардуми оддӣ назди мақомот, бахусус оилаи раисҷумҳур қадр дошт? Ҳоло вазифаи аввали кулли мақомоти қудратӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ин шуда, ки савдогарони бозори “Сомониён” ҳарчи зудтар ба бозори нави Исмоил кӯчонида шаванд.
Онҳое, ки камтарин муқобилият ё норозигӣ нишон медиҳанд, ҳамроҳ бо молу колояшон ба идораи пулис ё амният бурда мешаванд. Аз онҷо худашон баъди розишавӣ ба кӯчидан ба бозори нав сиҳату саломат, аммо молу колояшон талафёфтаву ғоратшуда берун мешаванд.
Тибқи маълумоте, ки Паём дастрас кардааст, ҳади ақал 16 савдогари бозори “Сомониён” (ки ба соҳибкоре бо номи Сафари Ховалингӣ таъаллуқ дорад) ва дӯконҳои сари роҳ бо молу колояшон ба идораи ШВКД бурда шудаанд, ва баъди мураххас шудан аз идораи пулис маълум гаштааст, ки то 50 дарсади молу колояшонро кормандони ШВКД “харидаанд”. Албатта бепул. Ҳади ақал 4 нафар фурӯшандагони маҳсулоти хӯрокворӣ дар натиҷаи нигоҳдорӣ дар идораи пулис дар гармои беш аз 45-дараҷаӣ бештари молҳояшон талаф шудааст.
Ин ҳанӯз шурӯъи кор ва “фаъолияти соҳибкории” нахустнабераи Эмомалӣ Раҳмон аст. Мунтазири соҳибкоршавии 35 набераи дигари ӯ бошед.