Садри аъзами Олмон пас аз чандин ҳафта дубора бо раҳбари Кремл тамоси телефонӣ дошт. Созмони милал аз душворӣ дар содироти куди Русия хабар додааст. Жозеп Боррел мегӯяд, ки таҳримҳо кори артиш ва ширкатҳои ҳавопаймои Русияро бо мушкил рӯ ба рӯ кардаанд.
Баъд аз чанд моҳи вақфа дар гуфтугӯ миёни раҳбарони Олмон ва Русия, шомгоҳи сешанбе, 13 сентябр эълом шуд, ки Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон, дар як тамоси телефонӣ бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, бо ӯ дар бораи ҷанги Укроин гуфтугӯ кардааст.
Ба гуфтаи Штеффен Ҳебастрайт, сухангӯи давлати Олмон, Шолтс дар ин тамоси телефонии 90 дақиқаӣ бар лузуми дастёбӣ ба як роҳи ҳали дипломатик, ки нозир бар оташбас, хурӯҷи комили нерӯҳои Русия аз Укроин ва эҳтиром ба ҳокимият ва тамомияти арзии Укроин бошад, исрор ва таъкид варзидааст.
Садри аъзами Олмон ҳамчунин бар аҳамияти судури ғаллаи Укроин таъкид карда ва ба Русия нисбат ба ҳаргуна нақзи тавофуқ марбут ба содироти ғалла аз тариқи баҳри Сиёҳ ҳушдор додааст.
Охирин гуфтугӯи телефонии Шолтс ва Путин ба авохири моҳи май бармегардад. Дар он тамос Шолтс ва Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса, якҷоя бо Путин сӯҳбат карда буданд.
Созмони милал: кори судури нуриҳои минералии Русия бо мушкил рӯ ба рӯст
Созмони милали муттаҳид мегӯяд, ки дар иҷрои тавофуқи марбут ба судури амни ғаллаи Русия, ки авохири моҳи июл миёни Укроин ва Русия ба имзо расид, ихтилолоте вуҷуд дорад.
Бинобар додаҳои ин Созмон, дар ҳоле, ки содироти ғалла ва маводи ғизоии Укроин аз тариқи баҳри Сиёҳ дар ҳоли шитоб гирифтан аст, содироти куди химиёвии Русия бо вақфа рӯ ба рӯ аст.
Гузориши Созмони милал мегӯяд, дар заминаҳои мухталифе дар иртибот бо содироти маҳсулот аз Русия ва Укроин пешрафт ҳосил шуда, вале ҳамчунон дар мавриди нуриҳои кимиёвии Русия бо мушкили бима, таъмини молии харид ва ёфтани киштӣ барои интиқоли бор мушкилоте вуҷуд дорад.
Нигаронии ширкатҳои бахши хусусӣ аз ин, ки ҳамкорӣ бо Русия барои содироти нуриҳои минералии ин кишвар нақзи таҳримҳои аврупоӣ талаққӣ шавад ва барои ин ширкатҳо зарару зиён ба бор оварад, омили аслии мушкилот ёд шудааст.
Ин дар ҳолест, ки адами дастрасии кишварҳои африқоӣ ба нуриҳои минералии ирсолии Русия, хатари умда барои даври ояндаи кишт ва бардошти маҳсул дар ин кишварҳо талаққӣ мешавад.
Кремл: раҳбарони Русия ва Чин дар бораи ҷанги Укроин гуфтугӯ мекунанд
Кохи Кремл эълом кардааст, ки масъалаи ҷанги Укроин аз мавзӯъҳои гуфтугӯ миёни Владимир Путин ва Си Тзин Пин, раҳбарони Русия ва Чин, дар ҳошияи дидор дар Узбакистон хоҳад буд.
Юрий Ушаков, мушовири Путин, бо мутавозин тавсиф кардани мавзеъи Пекин дар қиболи ҷанги Укроин гуфт, ки масоили ин ҷанг ба таври ҷомеъ дар дастури кори гуфтугӯҳои раҳбарони ду кишвар қарор хоҳад дошт.
Си ва Путин қарор аст дар ин ҳафта дар ҳошияи иҷлоси сарони Созмони ҳамкории Шанхай дидор ва гуфтугӯ кунанд. Нарендра Модӣ нахуствазири Ҳинд, Раҷаб Таййиб Урдуғон раисҷумҳури Туркия ва Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз дигар ширкаткунандагон дар ин иҷлос хоҳанд буд.
Боррел: таҳримҳо кори артиши Русияро душвор кардаанд
Ба гуфтаи ҳамоҳангкунандаи сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо таҳримҳо ба тарзи маҳсус ва амиқ артиши Русияро бо мушкил мувоҷеҳ кардааст.
Жозеп Боррел, ки рӯзи сешанбе 13 сентябр дар Страсбурги Фаронса бо намояндагони парлумони Аврупо сухан мегуфт, аз душвории Русия дар таъмир, ҳифз ва нигаҳдории силоҳҳо ва таҷҳизоти низомии худ хабар дод.
Ин душворӣ ба гуфтаи Боррел аз он ҷо сарчашма мегирад, ки ниме аз технологияи бакоррафта дар таслиҳоти Русия аз Аврупо ворид мешудаанд. Воридоте, ки ҳоло ба далели таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо мутаваққиф шудааст.
Боррел дар идома аз “паёмадҳои сахт”-и таҳримҳо барои Маскав сухан гуфт, аз ҷумла ин, ки ду севуми ҳавопаймоҳои хутути ҳавоии Русия қодир ба парвоз нестанд, чун дастрасӣ ба қисмҳои эҳтиётии сохти кишварҳои ғарбӣ барои Русия зери таҳрим душвор шудааст.
Боррел афзуд, Русия ҳоло дар шароите аст, ки дигар қодир ба ҷойгузинии садамоти ҷангӣ ва таслиҳоти бузурги худ нест.