Раҳматуллоҳ Набил, раиси собиқи амнияти миллии Афғонистон ба нақл аз манобеъи худ мегӯяд бомдоди рӯзи якшанбе ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрикоӣ дар ҳарими ҳавоии Кобул зоҳир шуданд ва ба нуқоти мухталифи ин шаҳр ҳамла карданд. Ба гуфтаи Набил бар асоси тавофуқномаи Доха, Амрико ба Толибон дар заминаи саркӯби Доъиш кумак мекунад.
Набил мегӯяд хатари табдил шудани Афғонистон ба паноҳгоҳи амни ифротгароён ҷиддӣ аст зеро ба қавли ӯ Толибон тавоноии идораи кишварро надоранд.
Бошандагони шаҳри Кобул рӯзи якшанберо бо шунидани садои чанд инфиҷори сахт оғоз карданд.
Аз субҳи рӯзи якшанбе овозае дар мавриди бомбандозӣ ба нуқоте аз Кобул тавассути тайёраҳои бидуни сарнишини амрикоӣ пахш шудааст.
Чанд бошандаи шаҳри Кобул ба Афғонистон Интернейшнал гуфтаанд, ки тайёраҳои бидуни сарнишин субҳи имрӯз ва шабҳои гузашта дар ҳарими ҳавоии Кобул дар парвоз буданд.
Давлати Амрико ҳанӯз дар ин маврид ибрози назар накардааст.
Бар хилофи иддаои Раҳматуллоҳ Набил, Абдулнафиъ Такур сухангӯи вазорати дохилаи Толибон мегӯяд инфиҷори рӯзи якшанбе ношӣ аз фуруд омадани як гулӯлаи ракетӣ ба як хонаи холӣ воқеъ дар Ширпур будааст.
Ба гуфтаи Такур ин рӯйдод талафоте дар пай надоштааст.
Манобеъи маҳаллӣ аз Кобул мегӯянд субҳи имрӯз чанд ёрии таъҷилӣ дар Ширпур рафту омад кардааст.
Ба гуфтаи ин манобеъ дар ҳоли ҳозир, Толибон роҳҳоро баста ва иҷозаи убуру мурурро ба касе намедиҳанд.