Носир Канъонӣ суханони раисҷумҳури Укроин дар Кунгураи Амрикоро “итиҳомоти беасос” қаламдод кард ва гуфт, ки Ҷумҳурии Исломӣ ҳеҷ гуна таҷҳизоти низомӣ ба Русия надодааст. Русия низ Укроин ва Амрикоро муттаҳам ба беэътинои ба музокира кард.
Носир Канъонӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломӣ рӯзи панҷшанбе 22 декабр дар вокуниш ба суханони Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин дар Кунгураи Амрико перомуни нақши Теҳрон дар ҷанги Укроин гуфт ин суханон “итиҳомоти такрорӣ” ва ”хориҷ аз назокат” будаанд. Раисҷумҳури Укроин дар суханронии худ дар Кунгураи Амрико Ҷумҳурии Исломиро ба хотири кумаки низомӣ ба Русия маҳкум кард ва гуфт, ки Ҷумҳурии Исломӣ муттаҳиди Русия дар “наслкушӣ” дар кишвараш аст.
Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон гуфт, ки ин кишвар “ҳеҷ гуна таҷҳизоти низомӣ барои ҳеҷ тарафе ҷиҳати истифода дар ҷанги Укроин содир накарда” ва ҳамвора ба тамомияти арзии кишварҳо ва аз ҷумла Укроин “эҳтиром” гузоштааст. Ў ҳамчунин изҳор дошт “сабри роҳбурдии Эрон дар қиболи иттиҳомоти беасоси номаҳдуд нахоҳад буд.”
Хабаргузории ИРНА ба нақл аз Канъонӣ навишт Укроин “беҳтар аст аз сарнавишти бархе раҳбарони кишварҳо, ки ба ҳимояти Амрико дилхуш карданд, ибрат бигирад.”
Пеш аз ӯ низ Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён, вазири хориҷаи Эрон муддаӣ шуд, ки сиёсати Ҷумҳурии Исломӣ “адами тавассул ба зӯр ва таъкид бар ҳалу фасли муноқиша аз тариқи сиёсӣ будааст”.
Ба гуфтаи Укроин Русия ба кумаки паҳподҳои эронӣ муваффақ шудааст қисмате аз зерсохтҳои тавлиди барқи ин кишварро аз байн бурд. Таҳвили паҳподҳои ҷангӣ ба Русия бо вокуниши сахти Аврупо низ рӯ ба рӯ шуд ва Иттиҳодияи Аврупо таҳримҳои ҷадидеро алайҳи Эрон вазъ кард.
Вокуниши Маскав
Ба гузориши хабаргузории Фаронса Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл дар вокуниш ба суханони Зеленский дар Кунгураи Амрико гуфт: “бо таассуф бояд бигӯем, ки то кунун на раисҷумҳур Байден ва на раисҷумҳур Зеленский ҳатто чанд калима, ки метавонад ба нишонаи омодагӣ барои гӯш додан ба нигарониҳои Русия талаққӣ шавад, нагуфтаанд”.
Мақомоти Маскав дар моҳҳои ахир борҳо эълом кардаанд, ки музокира бо Укроинро рад намекунанд. Онҳо баста шудани каналҳои дипломатикро ба гардани Зеленский меандозанд, ки гуфтааст то замоне, ки Владимир Путин раисҷумҳури Русия дар қудрат аст, музокира нахоҳад кард.
Песков ҳамчунин гуфт, ки “ҳеҷ калимае барои ҳушдор ба Зеленский дар бораи идомаи гулӯлаборони сохтмонҳои маскунӣ дар шаҳрҳо ва рустоҳои Донбасс шунида нашуд ва ҳеҷ дархости воқеъӣ барои сулҳ вуҷуд надошт.” Ӯ афзуд: “ин нишон медиҳад, ки Иёлоти муттаҳида ба сиёсати худ барои ҷанги ғайримустақим бо Русия то охирин укроинӣ идома медиҳад.”
Дидори Зеленский аз Амрико ҳамзамон аст бо таҳдиди Путин, ки гуфта Маскав дар соли оянда ба тавсеаи потенсиали низомӣ ва омодагии размии нерӯҳои ҳастаии худ идома хоҳад дод.