Рубрики Хабарҳо

Зеленский дар Кунгураи Амрико: Укроин зинда аст ва Русияро ақиб меронад

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин, шаби чаҳоршанбе ба вақти Вашингтон дар нишасти муштараки ҷумҳурихоҳон ва демократҳо дар Кунгураи Амрико суханронӣ кард. 

Зеленский, ки бо футболкаи маъруфи худ ба ранги сабзи афсарӣ сӯҳбат мекард, бештар суханрониро ба интиқод аз Русия ва ташаккур аз ҳимоятҳои Иёлоти муттаҳидаи Амрико ихтисос дод. Вай ҳамчунин бо се бор ном бурдан аз Эрон ба иддаои ҳимояти низомии ин кишвар аз Русия дар ҷанги Укроин ишора кард. 

“Садақа намедиҳед, сармоягузорӣ мекунед” 

Зеленксий дар ин суханронӣ гуфт: “русҳо аз ҳарчи, ки дасташон буд алайҳи шаҳрҳои укроинӣ ҳамчун Баҳмут истифода карданд, аммо Укроин ҷабҳаҳои худро ҳифз мекунад ва ҳаргиз таслим намешавад”. 

Вай идома дод: “соли гузашта, 70 ҳазор нафар дар шаҳри Баҳмут зиндагӣ мекарданд… Акнун фақат чанд ғайри низомӣ боқӣ мондаанд. Ҳар ваҷаб аз он сарзамин ғарқ дар хун аст… Донбасс чандин бор дар набардҳои шадид ва ҳатто даргириҳои тан ба тан даст ба даст шуд. Аммо Донбасси укроинӣ ҳамчунон устувор аст.” 

Зеленский хостори идомаи ҳимояти молӣ аз сӯи Иёлоти муттаҳида шуд ва ба намояндагони Амрико гуфт: “пулҳои шумо хайрия нест, балки сармоягузорӣ дар амнияти ҷаҳонӣ ва демокрасӣ аст, ки мо ба масъулонатарин шакл аз он истифода мекунем.” 

Зеленский дар бораи паҳподҳои интиҳории сохти Эрон низ сухан гуфт. 

Вай бо ишора ба наздик шудан ба ҷашни поёни соли ва Крисмас гуфт, ки укроиниҳо крисмаси имсолро “алорағми ҷиноёти ҷангӣ ҷашн хоҳанд гирифт” ва таъкид кард, ки “ҳатто агар барқ набошад, чароғи боварии мо ба худамон хомӯш нахоҳад шуд”. 

Зеленский гуфт: “агар [сарбозон русӣ] бо паҳподҳои сохти Эрон ба мо ҳамла кунанд ва мардуми мо маҷбур шаванд шаби Крисмасро дар паноҳгоҳҳо ба сар бубаранд, укроиниҳо боз ҳам сари суфраи таътилҳо гарди ҳам хоҳанд омад ва ба якдигар рӯҳия хоҳанд дод.” 

Дархости таҳримҳои бештар 

Раисҷумҳури Укроин аз аъзои Кунгура хост таҳримҳо алайҳи Русияро ташдид кунанд ва “террористҳоро масъули ин таҷовуз бидонанд.” Вай хотирнишон кард, ки Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико аз тарҳи сулҳи 10 модаи ӯ ҳимоят ва таъкид кард, ки ҳар як аз аъзои Кунгура бояд дар иҷрои он кумак кунанд. 

Амрико дар 15 ноябри 2022 таҳримҳои ҷадидеро алайҳи ширкатҳо, афрод ва нерӯи ҳавофзои Сипоҳи Посдорони Эрон, ки дар “ирсол” паҳподҳои сохти Эрон ба Русия дар ҷанги Укроин нақш доштаанд, вазъ кард. 

Раисҷумҳури Укроин суханони худро бо баёни ин ки Укроин ба пирӯзии комил даст хоҳад ёфт, поён дод ва ҷумалоти оғозини худро такрор кард, ки гуфт: “Укроин зинда аст ва лагад мезанад.”

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *