Рубрики Хабарҳо

Нигарониҳои амниятӣ боис шуда истифода аз Тик-Ток дар шуморе аз кишварҳо манъ шавад

Ба далели нигарониҳои амниятӣ, Кохи Сафед ба созмонҳои давлатӣ як моҳ мӯҳлат дод то апликейшини чинии Тик-Токро аз тамоми дастгоҳҳо пок кунанд. 

Ҳинд, Канада ва комиссияи Аврупо ҳам Тик-Токро манъ кардаанд. 

Афғонистон таҳти контроли Толибон ва Покистон ба далели “мӯҳтавои гумроҳкунанда”-и Тик-Ток, онро манъ кардаанд. 

Пас аз ҳаракати як балони чинӣ бар фарози хоки Иёлоти муттаҳида дар ҳафтаҳои ахир, ҳукумати Амрико акнун эҳтиёткортар шуда ва талош дорад то имкони ҷосусӣ аз дастгоҳҳои давлатиро ба ҳадди ақал бирасонад. 

Ширкати ByteDance, ки молики барномаи Тик Ток аст, ин нигарони Амрикоро нодуруст хонда ва иттиҳоми ҷосусӣ барои ҳукумати Чинро рад кардааст. 

Кунгураи Амрико дар моҳи декабр ба ҳукумати Байден 60 рӯз фурсат дод то истифода аз барномаи видеоии Тик Ток дар дастгоҳҳои давлатиро манъ кунад. Ин иқдом ба манзури эмин нигаҳ доштани иттилооти давлатӣ сурат гирифтааст. 

Бархе аз ниҳодҳои амрикоӣ аз ҷумла Кохи сафед, вазорати дифоъ, вазорати амнияти дохилӣ ва вазорати хориҷа қаблан истифода аз Тик Токро дар компютерҳо ва телфонҳои расмӣ манъ карда буданд. 

Иттиҳодияи озодиҳои мадании Амрико аммо гуфт, ки бо мамнуъияти Тик Ток тавассути конгресс мухолиф аст. 

Канада низ субҳи душанбе мамнуъияти истифода аз Тик Ток дар дастгоҳҳои давлатиро эълом кард ва гуфт, ки ин барнома хатаре барои ҳарими хусусӣ ва амнияти додаҳо эҷод мекунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *