Рубрики Хабарҳо

Қурби асъор ва қимати тиллову нафт барои имрӯз

Тайи ҳафтаи ахир болоравии қурби доллари амрикоӣ нисбат ба пули миллии сомонӣ идома ёфт.

Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, дирӯз 28 феврал 100 доллар ба 1092 сомонӣ иваз карда мешуд. Як ҳафта пеш 100 доллар ба 1068 сомонӣ баробар буд.

Ба ин тариқ, давоми ҳафтаи ахир асъори амрикоӣ нисбат ба сомонӣ ба андозаи 2,2% қимат шуд.

Аз 1 январи соли ҷорӣ қурби доллар нисбат ба сомонӣ 7% боло рафта, арзиши 100 доллар аз 1020 сомонӣ то 1092 сомонӣ расид

Қурби доллар дар ҳамин сатҳ ахиран  рӯзи 17 июни соли 2022 қарор дошт.

Имрӯз 1 март тибқи нишондоди бонки миллии Тоҷикистон 100 доллари Амрико баробари 1091 сомонию 50 дирам қурб дорад.

Беқурбшавии сомонӣ аз оғози сол нисбат ба евро муътадил буд. 100 евро аз 1092 сомонии оғози соли 2023 ҳоло то 1161 сомонӣ расидааст, ки ин афзоиши 5,9% нишон медиҳад.

Рубли русӣ, ки ба далели равобити наздики тиҷоративу иқтисодии Русия ва Тоҷикистон то андозае ба қурби сомонӣ таъсир мерасонад, дар моҳи феврал дар баробари доллар тақрибан 7% поин рафт.

Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, қурби 100 доллар аз 7052 рубл дар рӯзи 1 феврал то ба 7543 рубл дар рӯзи 28 феврал боло рафт.

Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз 1 март қадри 100 рубли русӣ мисли дирӯз баробари 14 сомонию 45 дирам аст.

******

Нархи тилло

Баҳои ҳар унс тилло дар муъомилоти субҳи  имрӯз  миёни бонкҳои Лондон  1833 доллару 71 сент муомила шуд.

Қобили қайд аст, ки Тоҷикистон дар моҳи январи соли ҷорӣ содироти филизоти қиматбаҳоро ба камтарин сатҳ расонд.

Тибқи омор, дар моҳи январи соли ҷорӣ даромад аз фурӯши филизоти қиматбаҳо ҳамагӣ 5 ҳазор долларро ташкил додааст. Ин дар ҳолест, ки ин рақам дар як соли қабл беш аз 22 миллиону 800 ҳазор доллар буд.

Бино ба иттилоъи вазорати саноат ва технологияҳои навини Тоҷикистон, дар кишвар 18 корхонаи истихроҷи тило фаъолият мекунад ва тавлиди ин фулуз ҳамасола афзоиш меёбад.

Аммо бо ишора ба махфӣ будани маълумот дар бораи истихроҷи филизи қиматбаҳо мақомоти марбута маълумот дар бораи ҳаҷми воқеии истихроҷи тиллоро расонаӣ намекунад.

Бино ба маълумоти идораҳои дахлдор, соли гузашта фурӯши металлҳои қиматбаҳо 30,7 фоизи ҳаҷми умумии содироти кишварро ташкил додааст. Металлҳои қиматбаҳо ба маблағи беш аз 717 миллиону 400 ҳазор доллар фурӯхта шуданд.

******

Нархи нафти хом

Нархи миёнаи фурӯши ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар  биржаҳои Inter Continental Exchange (ICE) — ICE Brent Crude Futures-и Лондон 83 доллару 66 сент муъомила шуд.

Нархи миёнаи ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои New York Mercantile Exchange (NYMEX) ва Light Sweet Crude Oil-и Нюйорк 77 доллару 28 сент муомила шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *