Рубрики Хабарҳо

Музокироти ҳастаии Эрону Ғарб боз бенатиҷа анҷом ёфт

Баъд аз 5 рӯзи музокира бо ҳадафи эҳёи Барҷом дар шаҳри Вена, бори дигар дипломатҳо бенатиҷа пойтахти Утришро тарк карда ва ба кишварҳои худ баргаштанд. Ҳарчанд гуфта мешавад ин бор бар хилофи музокироти Доха, тарафайн ба пешрафтҳое дар масири гуфтугӯҳо даст ёфтаанд. 

Даври тозаи гуфтугӯҳо дар ҳоле ба поён расид, ки дипломатҳои аврупоӣ мегӯянд кори таҳия ва тадвини матни тавофуқи ниҳоӣ ба поён расидааст. Аммо мақомҳои эронӣ мӯътақиданд ҳамчунон кори рӯйи матн бояд идома ёбад. 

Сооте пас аз эъломи поёни гуфтугӯҳо ва бозгашти ҳайатҳои музокиракунанда ба кишварҳояшон, Жозеп Буррел масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар ҳисоби твиттерии худ бо ишора ба гуфтугӯҳое, ки миёни тарафайн сурат гирифта, навишт: “он чи қобили музокира буд, музокира шуд ва ҳоло тасмими сиёсӣ бояд дар пойтахтҳо гирифта шавад.” 

Боррел ҳамчунин бо ишора ба ин ки матни ниҳоӣ ба даст омадааст, афзуд: “бо вуҷуди ҳусули матни ниҳоӣ, пушти ҳар масъалаи фаннӣ ва ҳар параграф як тасмими сиёсӣ қарор дорад, ки бояд дар пойтахтҳо гирифта шавад. Агар посухҳо мусбат бошад метавонем ин тавофуқро имзо кунем.” 

Дар ҳамин росто, як сухангӯи вазорати хориҷаи Иёлоти муттаҳида низ зимни ишора ба раванди гуфтугӯҳо дар рӯзҳои ахир таъкид кард, ки Амрико омодааст ба суръат бар асоси матни пешниҳодии Иттиҳодияи Аврупо тавофуқи эҳёи Барҷомро имзо кунад. 

Ин мақоми вазорати хориҷаи Амрико ҳамчунин бо ишора ба ин ки матни ҳозир “беҳтарин ва танҳо мабнои мумкин” барои эҳёи тавофуқи ҳастаӣ аст, таъкид кард: “Вашингтон омодагӣ дорад ин тавофуқро бипазирад ва ҳоло Эрон аст, ки бояд нишон диҳад омодагии бозгашт ба тавофуқро дорад ё на.” 

Чаҳор ихтилофи асосии Эрон ва Амрико дар музокироти ҳастаӣ 

Дар идомаи гуфтугӯҳо барои эҳёи Барҷом, Жозеп Боррел бо Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон низ ба сурати телефонӣ гуфтугӯ кард. 

Масъули сиёсати хориҷӣ Иттиҳодияи Аврупо дар ин гуфтугӯ бо ишора ба ин ки пешрафти нисбӣ дар масири гуфтугӯҳо ҳосил шуда, ибрози умедворӣ кард, ки раванди эҳёи тавофуқ ба суръат тай шавад. Вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард, ки интизор меравад ҳама тарафҳо барои дастёбӣ ба матни ниҳоии тавофуқ аз худ ирода ва ҷидият нишон диҳанд. Мавзеъе, ки нишон медиҳад ҳанӯз мақомҳои Ҷумҳурии Исломӣ бар ин боваранд, ки бояд тағйироте дар матни тавофуқ эҷод шавад. 

Пойгоҳи хабарии “Нурнюз” вобаста ба Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ҳам дар гузорише ба нақл аз манобеъи огоҳ таъкид карда, ки бар хилофи гузоришҳои мунташиршуда дар расонаҳои ғарбӣ, матни тавофуқ ниҳоӣ нашуда ва ҳамчунон дар хусуси бархе мавзӯъот байни тарафайн ихтилофҳои вуҷуд дорад. 

Веб-сайти “Политико” дар гузорише ба нақл аз як дипломати аршади аврупоӣ гузориш дода, ки аз назари кишварҳои ғарбӣ матни тавофуқи ниҳоӣ аст ва ин Эрон аст, ки бояд дар хусуси пазириши он тасмим бигирад. Ин дипломати аршади аврупоӣ, ки нахоста номаш фош шавад ҳамчунин бо ишора ба ин ки матни ҳозир нусхаи такмилшудаи тавофуқи моҳи март аст, гуфт: “Эрон ва Ғарб дар Вена барои як тавофуқи сиёсӣ бар сари масъалаи подмон бо якдигар музокира карданд. Дар сурате, ки Эрон посухе боэътибор ба пурсишҳои ожонс бидиҳад, Шӯрои ҳукком ҳам тайи қатъномае парвандаи таҳқиқотро хоҳад баст.” 

“Уол стрит журнал” ҳам ба нақл аз як манбаъи аврупоии дигар гузориш дод, ки Эрон бояд посухи ҳа ё на ба ин матн бидиҳад. Ин дипломати олирутба дар ин хусус мегӯяд: “ин як бастаи пешниҳодӣ аст. Намешавад бо сафҳаи бистум мувофиқ бошед ва бо сафҳаи панҷоҳум мухолиф. Ё бо ин матн мувофиқед ва ё мухолиф.” 

Дар рӯзҳои гузашта гузоришҳои мутааддиде дар хусуси ақибнишинии Эрон аз бархе мавозеъи худ дар хусуси масоиле чун дарёфти кафолат ва ҳамчунин хурӯҷи Сипоҳи Посдорон аз феҳристи созмонҳои террористии Иёлоти муттаҳида мунташир шуда буд. Бо ин ҳол гузоришҳо аз Вена ҳокӣ аз он буд, ки ихтилофот бар сари масъалаи подмон мумкин аст ҳусули тавофуқро ғайримумкин созад. 

Мудири кулли ожонси байналмилалии энерҷии атомӣ мегӯяд Эрон бояд дар хусуси асароти ураниюм, ки дар бархе аз марокизи ҳастаӣ мушоҳида шуда тавзеҳ диҳад. Мавзӯъе, ки ба шубҳаҳо дар хусуси барномаи ҳастаии Эрон ва аҳдофи эҳтимолии таслиҳотии он доман задааст. 

Дар муқобил мақомҳои эронӣ мегӯянд тавзеҳоти лозим дар ин хусус ироа шудааст. 

Ҳоло ва пас аз 5 рӯзи гуфтугӯ дар Вена, дипломатҳо дар ҳоле ба пойтахтҳои худ бозгаштанд, ки мушаххас нест даври баъдии ин гуфтугӯҳо чӣ замоне баргузор хоҳад шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *