Рубрики Хабарҳо

Лағви ду тарафаи раводид миёни Туркия ва Русия

Маъофияти раводид миёни Туркия ва Русия барои дорандагони гузарномаҳои вижа ва хидматӣ аз имрӯз чаҳоршанбе эъмол мешавад. 

Вазорати умури хориҷаи Туркия имрӯз, чаҳоршанбе, 7 августи 2019 бо интишори иттилоияе эълом кард: Дар чорчӯби музокироти лағви раводид барои бархе аз шаҳрвандони Туркия ва Русия٬ маъофияти раводид барои дорандагони гузарномаҳои вижа ва хидматии шаҳрвандони ду кишвар аз имрӯз иҷроӣ мешавад. 

Бар асоси ин иттилоия٬ маъофияти виза ба таври мутақобил барои сафари ронандагон ҳамлу нақли байналмилалӣ низ эъмол хоҳад шуд. 

Вазорати умури хориҷаи Туркия ибрози умедворӣ карда, ки тавофуқномаи мазкур аз имрӯз 7 августи 2019 бо тамоми шароит иҷроӣ шавад. 

Гуфтанист Владимир Путин, раисҷумҳури Русия 25 июли соли ҷорӣ дастур дод то раводид барои шаҳрвандони Туркия, ки дорои гузарномаи оддӣ ва хидмат ҳастанд, лағв шавад. 

Бо дастури Путин шаҳрвандони Туркияи дорандаи гузарномаи сабз ва хокистарӣ (вижа ва хидматӣ) ҷиҳати вуруд ба Русия ниёзе ба ироаи баргаи маъмурият нахоҳанд дошт.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *