Рубрики Хабарҳо

Юриши нерӯҳои амниятӣ ба сукунатгоҳи раисҷумҳури собиқи Қирғизистон

Раисҷумҳури собиқи Қирғизистон Алмосбег Отомбоев аз нерӯҳои зудамал хост ба сӯи мардум тир наандозанд. Ӯ ҳанӯз дар хонааш қарор дорад ва зимни як баромади видеоӣ аз худаш дарак дод. 

Отомбоев ҳамчунин дар марги як маъмури гурӯҳи зудамали КАМ раисҷумҳури феълӣ Сооронбей Жеенбековро гунаҳкор кард. 

Гуфтанист, шоми дирӯз нерӯҳои амниятӣ дар талош барои боздошти Аламосбег Отомбоев, раисҷумҳури собиқи Қирғизистон, ба маҳалли сукунати ӯ юриш бурданд. 

Ба гуфтаи мақомот, ҳаводорони Отомбоев бо нерӯҳои давлати даргир шуданд ва як маъмур ба зарби гулӯла кушта шуд. 

Тасаввур мешавад, ки оқои Отомбоев ҳанӯз дар дохили муҷтамеъи маҳалли сукунати худ дар наздикии Бишкек, пойтахти ин кишвар бошад. 

Парлумони ин кишвар масунияти додгоҳии ӯро, ки аз сӯи давлат ба фасод муттаҳам аст, дар моҳи июн лағв кард. Ў иттиҳоми фасодро рад мекунад. 

Ба гуфтаи Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон (КАМ) нерӯҳои вижа, ки “фақат ба гулӯлаи плостики” муҷаҳҳаз буданд рӯзи чаҳоршанбе дар “амалиёти вижа барои боздошт”-и раисҷумҳури собиқ ширкат карданд. 

Ин кумита гуфт, ки бо вуруди маъмурон, ҳаводорони оқои Отомбоев бо силоҳҳои воқеӣ оташ кушоданд. 

Вазорати беҳдоштӣ гуфт, ки дар даргириҳо дар рустои Койтош 36 нафар аз ҷумла чандин узви нерӯҳои амниятӣ захмӣ шуданд. 

Дар баёнияи вазорати беҳдоштӣ омадааст: Як афсари нерӯҳои вижа, ки дар асари исобати гулӯла захмӣ шуда буд дар шароити хеле вахим ба бемористон мунтақил шуд. Алорағми талошҳо ӯ даргузашт.” 

Мирбек Оятеков, ки тасовири ин юришро дар фейсбук мунташир кард ба хабаргузории Фаронса гуфт, ки баъзе аз касоне, ки аз оқои Отомбоев муҳофизат мекарданд аслиҳаи нерӯҳои вижаро “ки зери фишори ҷамъият ақибнишинӣ мекарданд” гирифтанд. 

Ӯ гуфт: “Отомбоев ҳанӯз дар хона аст… Хабарҳое ҳаст, ки нерӯҳои изофӣ эъзом хоҳанд шуд. Афроде, ки инҷо ҳастанд омода мешаванд.”

Дар тасовири мунташира аз маҳалли ҳодиса роҳҳои баранда ба хонаи оқои Отомбоев тавассути ҳаводоронаш масдуд шудааст ва нерӯҳои амниятӣ дар он атроф дар ҳоли таҷдиди қува ҳастанд. 

Отомбоев пеш аз интиқоли қудрат ба Сооронбей Жеенбеков аз 2011 то 2017 раисҷумҳур буд. 

Равобити ин ду, ки дар он замон муттаҳиди ҳам буданд рӯ ба тирагӣ гузоштааст. Нозирон мегӯянд оқои Жеенбеков соле пеш раисиҷумҳури қаблиро ба ҳошия ронд. 

Оқои Отомбоев аз замони лағви масунияти додгоҳӣ ба дастурот барои таслими худ ба полис барои посухгӯӣ ба саволот дар мавриди сӯиистфода аз қудрат беэътиноӣ кардааст. 

Оқои Отомбоев, ки беш аз пеш таҳти фишор буда, моҳе пеш барои гуфтугӯ бо Владимир Путин раисҷумҳури Русия ба Москав сафар кард, аммо раҳбари Русия аз оқои Жеенбеков ҳимоят кард ва аз мардуми Қирғизистон хост “дар атрофи раисҷумҳур кунунӣ муттаҳид шаванд.” 

Дафтари оқои Жеенбеков гуфт ӯ бо нимакора гузоштани сафар ба Бишкек бозмегардад ва хостори нишасти шӯрои амниятии давлат дар субҳи рӯзи панҷшанбе шудааст. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *