Шумори тоҷиконе, ки танҳо барои кор дар моҳҳои апрел-июн ба Русия ворид шудаанд, беш аз як миллион ва аз се як ҳиссаи тамоми муҳоҷирони ба ин икшвар омада дар ин муддатро ташкил додааст. Гуфта мешавад ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта 74,6% афзоиш доштааст.
Тибқи иттилоъи шабакаи аудиторӣ-консалтингии FinExpertiza, ки ба он истинод мекунад, дар семоҳаи дуюми соли ҷорӣ шумори муҳоҷирони корие, ки ба Русия ворид шудаанд ба 3,12 млн нафар расидааст, дар шаш соли охир бесобиқа гуфта мешавад. Ин шумор наздик ба 35% бештар аз соли гузашта ҳисоб шудааст.
Дар умум, дар семоҳаи аввали ҳамин сол 4,16 млн табааи хориҷӣ дар маҳалли будубош худро ба қайд гузошта, 3,12 млн нафарашон ҳадафи сафарро кор зикр кардаанд, ки нишондиҳандаи рекордии семоҳа дар муддати тамоми давраи дастрасии омор аз соли 2017 мебошад. Аз ин шумор, як миллиону 52 ҳазор нафар ё 30,5 фоизро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил додаанд.
Онҳое, ки ҳадафи сафари худро дар варақаи мигратсионӣ “кор” менависанд, ҳарчанд аксариятро ташкил медиҳанд, ҳамаи муҳоҷирон нестанд. Яъне дар ин муддат шумори хеле бештар аз як миллион нафари тоҷикон ба Русия рафтаанд. Барои мисол хонаводаҳое, ки ба назди сарвари оила ба Русия кӯч мебанданд, ҳадафи сафари худро “меҳмонӣ” ё чизи дигар менависанд, на кор. Бо дарназардошти ин ки ҳиҷрати хонаводаҳо имсол мавҷи бузургтаре касб кардааст, шумори тоҷикони воридшуда ба Русияро метавон танҳо тахмин зад.
Дар семоҳаи аввали соли 2022 теъдоди коргарони хориҷие, ки ба Русия ворид шудаанд, 2,76 млн нафарро ташкил дода буд. Ҳадди ақали вуруди нерӯи кории хориҷӣ дар семоҳаи дуюми соли 2020 ба қайд гирифта шудааст, ки ин асосан ба маҳдудиятҳои карантинӣ вобаста буд. Он замон ба Русия ҳамагӣ 330 ҳазор муҳоҷири корӣ ворид шуда буданд, ки панҷ маротиба камтар аз семоҳаи дуюми соли 2019 гуфта мешуд. Шумори имсола бошад, аз нишондиҳандаҳои пеш аз пандемия ду баробар зиёдтар аст. Дар семоҳаи дуюми имсол афзоиши шумори муҳоҷиронро баъди тоҷикҳо, ки 406,9 ҳазор ё 74,6% бештар аз соли гузашта гуфта мешавад, узбекҳо шакл додаанд. Дар ин муддат шумори муҳоҷирони корӣ аз Узбекистон 416,2 ҳазор ё 36,9% афзудааст.
Ба гуфтаи президенти FinExpertiza Елена Трубникова ба афзоиши шумори муҳоҷирон бештар аз ҳама болоравии ғайричашмдошти қурбии рубл таъсир расондаст, ки дар натиҷаи он “бозори меҳнатии Русия барои хориҷиён ҷолибтар гардидааст, зеро даромади онҳо бо асъори хориҷӣ зиёд шуда, ҳаҷми интиқоли пулашон ҳам ба ватан афзудааст”.
Дар ҳамин ҳол, нисфи тамоми муҳоҷирони кориро (1,54 млн нафар ё 49,6 фоиз) дар ин муддат шаҳрвандони Ӯзбекистон ташкил додаанд, ки қариб 500 ҳазор нафар ё 33 дарсад бештар аз тоҷиконанд. Аммо бо дарназардошти ин ки аҳолии Узбекистон се баробари аҳолии Тоҷикистон аст, тоҷикон русиядӯстдортарин муҳоҷирон боқӣ мемонанд.