Рубрики Хабарҳо

Имом Ҷалолуддини Суютӣ

Олим, адиб,  муаррих, муҳаддис ва муфассири барҷаста, ҳофиз Абулфазл Абдуруаҳмон ибни Камолуддини Абӯбакр ибни Муҳаммад Собиқуддини Ҳузайрии Асютӣ, маъруф ба Ҷалолуддини Суютӣ соли 849 ҳиҷрӣ баробар ба  12-уми октябри соли 1445 мелодӣ ба дунё омадааст. Шаҳри Асют тобеи Қоҳираи давлати Миср аст. Дар боби дину шинохти имон беш аз 600 китобҳои хурду бузург таълиф кардааст. Суютиро фарзанди китоб гуфта, лақаб гузошта буданд. Яъне Ибнул-Китоб.  

Қуръони каримро ҳанӯз дар 8 солагиаш пурра аз ёд медонист. 

Ҷалолуддини Суютӣ барои комилтар омӯхтани илмҳои динӣ ба шаҳрҳои гуногуни мамолики исломӣ сафар мекард. Назди устодони бузург дарс мегирифт. Шайх Муҳаммади Маҷзуб, Шайх Шаҳобуддин Мишории Масоҳӣ, Шайхулислом Аламуддини Билқинӣ, Шайхулислом Шарафуддини Мановӣ, Аллома Тақиюддини Субкии ҳанафӣ , Муҳйиддини Кофиҷӣ,  Сайфуддин Муҳаммади ҳанафӣ, Маҷдуддин ибни Асиббоъ, Иссудин ибни Муҳаммади Миқотӣ, Иззудини Кинонӣ, Муҳаммад ибни Иброҳими Даввонӣ, Тақиюддин Аҳмади Шумуннӣ, Абдулқодири Убодӣ ва устодоне мебошанд, ки Суютӣ наздашон илм омӯхтааст. 

Ӯ дар фиқҳ пайрави мазҳаби Шофеъӣ буд. Чил соли умраш аз пайи омӯзиш гузашту бист соли дигараш аз пайи таълифи китобҳо. Даҳ адад китобаш дар риштаҳои илмӣ мисли тафсир, ҳадис, фиқҳ, луғат, таърих ва ғайра  навишта шудаанд.

Бештари фурсаташро ба навиштани китоб сарф мекард. Шогирдонаш низ бисёр буданд, ки тарбияи динӣ назди Суютӣ мегирифтанд. Абдулқодири Шозилӣ , Муҳаммад ибни Аёс ва Муҳаммади Довудӣ аз қабили беҳтарини шогирдонаш мебошанд.

Рақобати солиму носолим  миёни уламои он давра низ бараъло ба назар мерасид ва аз сабаби он, ки байни донишмандон намоёнтаре буд, иттиҳомоти фаровоне нисбаташ мавҷуд буд. Бархе кина ҳам меварзиданд, ки Суютӣ дар ҷавоби хӯрдагириҳои онон мақолае мунташир намуда буд. 

Имом Ҷалолуддини Суютӣ соли 1505-и мелодӣ дар синни 60 солагӣ аз олам гузашт. 

Ихтисори китоби Эҳёи улум

Одоб-ал Мулук

Асбоб-ал Ҳадис

Девони шеър

Тазкирата фи арабӣ

Тарҷуман Қуръон фи тафсир муснад

Аттаҳаддус биниъматуллаҳ

Ҳуснул муҳозара фи ахбори Мисра ва Қоҳира

ва ҷамъ 600 китоб бар қалами Суютӣ тааллуқ дорад. 

Соима Саидӣ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *