08:00, имрӯз

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ҳамватанони гиромиро бо Рӯзи ғалаба табрик мекунад!
Мо ин рӯзро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем. Гиромидошти ин рӯз эҳтиром ба ҷонбозиҳои садҳо ҳазор тоҷиконе аст, ки барои маҳви фашизм нишон додаанд. Эҳтиром ба рӯҳи ҳазорҳо ҷонбохтагони тоҷик аст.
Қаҳрамонҳое, ки дар ин ҷанг пирӯз шуданд ва баъди маҳви сиёҳӣ бо рӯйи сурх ва сари баланд ба оилаҳои худ баргаштанд, имрӯз хеле кам мондаанд. Имрӯз ҳамагӣ 17 иштирокчии ҷанг дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ки месазад ба ҳар яки онҳо сипос гуфт.
Ҳайати кормандони “Азия-Плюс” бори дигар кулли сокинони кишварро бо Рӯзи Ғалаба табрик гуфта, таманно дорад, ки дар сайёраи мо сулҳу оромӣ ҳукмфармо бошад!