Рубрики Хабарҳо

Парвози тиллоии “пешво” рӯи гӯри сарбозон, хонаи сӯхтаи сокинон ва беморхонаҳои вайрон

Ҳукумати Тоҷикистон бо қимати 92 миллион доллар ҳавопаймои раисҷумҳури Мексикаро харидааст. Дар ин бора раиси ҳукумати Мексика Лопес Обрадор хабар дод. Ӯ нагуфтааст ҳукумати Тоҷикистон бо чи ҳадафе ин ҳавопайморо харидорӣ карда ва мақомоти тоҷик ҳам ҳеҷ иттилоъе дар ин бора намедиҳанд. Аммо дарки он ки ин ҳавопаймо барои чи коре ва аз тарафи кӣ истифода хоҳад шуд, амри мушкиле нест.

Обрадор, раҳбари яке аз 20 кишвари пешрафта ва саноатии дунё истифодаи ҳавопаймои шахсӣ барои раисҷумҳурро исроф дониста ва эълон кард онро ба ҳар қимате ҳаст, бояд бифрӯшад. Ӯ ба мардумаш гуфт ба худаш иҷоза намедиҳад бо ҳавопаймои хусусӣ парвоз кунад, дар ҳоле, ки ба мардумаш дар бархе манотиқ беморхона намерасад. 

Аммо раҳбари яке аз 20 кишвари қашшоқтарини дунё ба худаш иҷоза дод аз ҳисоби буҷа, яъне пули мардуми бенавояш ба қариб 100 миллион доллар ҳавопаймо харидорӣ кунад, то парвозҳояш бо “комфорт” бошанд. Тибқи гуфтаи Лопес Обрадор ҳукумати Тоҷикистон дар рӯзи имзо шудани шартнома(!) билофосила 92 миллион долларо ба фурӯшанда, яъне ҳукумати Мексика интиқол додааст.

“Ба мардуми Мексика иттилоъ медиҳам, ки имрӯз созишномаи хариду фурӯши ҳавопаймои президентӣ имзо шуд. Ҳукумати Тоҷикистон бар асосӣ қиматгузории расмӣ 1 658 684 400 песо (пули миллии Мексика) интиқол дод”, навишт Обрадор дар Твиттер. 

Ба ин масъала поёнтар бармегардем. 

Аввал ба нуктаи ҷолиби дигар — таърихи харидуфурӯши ин ҳавопаймо, ки ба бархе масоил, аз ҷумла муносибати як ҳокими мардумӣ ва як диктатор бо буҷаи кишвараш рӯшанӣ меандозад, ба тафсил мепардозем.   

Гуфта мешавад ҳукумати Мексика барои харидории ин ҳавопаймо, тибқи ҳисобҳои гуногун аз 220 то 400 миллион доллар масраф кардааст.  Онро раисҷумҳури вақти ин кишвар Фелипе Калдероне дар соли 2012 фармоиш дода буд, аммо ҳавопаймо танҳо соли 2016 ба Мексика расид. Он замон ин кишварро аллакай раҳбари дигар — Энрике Пеня Нето идора мекард.

Нето ҳам натавонист бо роҳаттарин ҳавопаймо барои парвозҳои шахсӣ, ки асосан раисҷумҳурҳои кишварҳои муқтадир ва миллардерҳо аз он истифода мекунанд, зиёд парвоз кунад. Охири соли 2018 раҳбарии ҳукумати Мексика ба дасти Лопес Обрадор гузашт. Аммо ӯ аз масрафи пули буҷа (хонда шавад пули мардум) барои парвозҳои худаш худдорӣ кард ва эълон намуд ҳавопайморо мефурӯшад. 

Аммо, давоми 4,5 сол барои ин ҳавопаймо харидор пайдо нашуд ва он 3 соли охир дар ангар мехобид. Нуктаи ҷолиби дигар ин ҷост, ки ин ҳавопаймо аз 2,5 то 4 баробар аз қимати аслии худ арзонтар фурӯхта мешуд, аммо ҳатто ҳамин тахфифи бузург раҳбари ҳеҷ кишвареро моил ба харидории роҳаттарин ҳавопаймо накард. 

Ҷаҳон ҳудуди 200 кишвар дорад ва шуморе андак аз раҳбарони он ба худ иҷоза додаанд ҳавопаймои шахсӣ дошта бошанд. Ба ин шумор асосан кишварҳои абарқудрат мисли Амрикову Чину Русия ва Бритониёву Ҳинд ва кишварҳои нафтхезе мисли Арбаистони Саудиву Қатар шомиланд ва бархе аз диктаторҳо, мисли раҳбари Кореяи Шимолӣ. Байни ин 200 кишвар ҳеҷ кадоме ҳозир нашуд ба раисҷумҳураш ҳавопаймо харидорӣ кунад, магар Тоҷикистони қашшоқу грантхӯр. 

Бояд аз инсоф канор нарафт ва қайд кард, ки ҳукуматҳои чандин кишвари дигар ҳам ҳавопаймо доранд. Аммо он ҳавопаймоҳо барои танҳо раисҷумҳур набуда, барои кулли ҳукумат таъаллуқ дорад ва аз он ҳамаи аъзои он истифода мекунанд. Дар гумон аст бо худхоҳие, ки Эмомалӣ Раҳмон дорад, иҷоза диҳад бо ҳавопаймое, ки инак аз пули буҷа харидааст, аъзои ҳукуматаш, масалан сарвазир Қоҳир Расулзода парвоз кунад. Магар ҳамроҳи худаш. 

Лопес Обрадор дар твитташ гуфтааст бояд ҳукумати Тоҷикистон дар 10 рӯзи оянда ин ҳавопайморо аз Мексика берун барад. Гуфтанист ҳавопаймо ба ҷуз ин ки қимати ҳангуфте дорад, нигаҳдории он низ маблағи зиёдеро мехоҳад. Ҳар рӯзи он барои моликаш даҳҳо ҳазор доллар масраф дорад. 

Раисҷумҳури Мексика баъд аз фурӯхтани ҳавопаймо гуфт бисёр хушҳол аст ва эълон кард пули бадастомада аз фурӯши онро ба сохтани ду бемористон дар иёлатҳои фақири Герреро ва Оаксака харҷ хоҳанд кард.

Мексика яке аз 20 кишвари пешрафтаи саноатии ҷаҳон аст, ки узви G-20 мебошад ва дар гумон аст барои сохтани беморхона мушкиле дошта бошад. Бо фарқ аз Тоҷикистон, ки ҳеҷ гоҳ барои сохтани мактабу бемористонҳо пул надорад ва онҳоро ё аз ҳисоби соҳибкорон ва ё аз қарзу грантҳо месозад. 

Маҷмӯъи маҳсулоти дохилии (ММД) Мексика дар соли 2022 беш аз 2,89 трлн долларро ташкил дод, ки аз ММД-и 8,8 миллиарддолларии Тоҷикистон 328 баробар(!) бузургтар аст. Барои чунин иқтисоди пешрафта албатта харидани як тайёраи 100 ё 200 миллионӣ ё таъмини парвозҳои раисҷумҳур бо он ҳеҷ мушкиле надорад. Аммо, бо ин вуҷуд, раисҷумҳури ин кишвар тасмим гирифт пули андози мардумашро барои парвози роҳати худ масраф накунад. 

Ҳаҷми ММД ба сари аҳолӣ ҳам дар Мексика беш аз 11 баробар аз Тоҷикистон бузургтар аст: 10 045 доллар ба сари ҳар нафар дар муқобили 897 доллар дар Тоҷикистон. Яъне сокинони Мексика аз сокинони Тоҷикистон дар умум 11 маротиба сарватмандтаранд, аммо ҳукумати ин кишвар намехоҳад аз сарвати мардум барои “комфорт”-и худаш истифода кунад.

Истифодаи ҳавопаймои шахсиро бисёре аз раҳбарони кишварҳои ҷаҳон барои худ нанг медонанд ва тарҷеҳ медиҳанд то ҳади имкон аз парвозҳои оддии хатсайрӣ истифода кунанд. Раҳбарони бештари кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла кишварҳои сарватманде чун Утришу Чех ва Суису Нидерланд ҳангоми парвоз ба хориҷ аз хатсайрҳои оддӣ истифода мекунанд ва дар сафи мардуми оддии кишварашон парвоз мекунанд. Борҳо сокинони ин кишварҳо ҳамроҳ бо роҳбарони кишварашон дар дохили ҳавопаймо, қатор ва ҳатто мусофирбарҳо “селфи” кардаву дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намудаанд. Ҳатто раисҷумҳури собиқи Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков низ чунин ҷуръате аз зуд нишон дода бо хатсайри оддӣ ҳамроҳи мардум ба Ню Йорк парвоз крада буд.

Чунин иқдом аз ҷониби Раҳмон ҳаргиз дида нашудааст ва ҳатто замоне, ки Тоҷикистон ба мушкили чашмгири сӯхти ҳавопаймо мувоҷеҳ буду даҳҳо парвоз ба таъхир гузошта ё лағв мешуданд, ӯ ҳатто барои парвоз ба Хуҷанд аз ҳавопаймои бузурги Боинг-737-800 истифода мекард. 

Хариди ҳавопаймои хусусӣ барои Раҳмон исрофкории бузургест, ки дар таърихи кишварҳои дигари ҷаҳон камтар дида мешавад.  “Пешво” бо ин “тасмими хирадмандона”-аш бори дигар собит кард, ки “комфорт”-и худашро аз ҳаёти дилхоҳ раияташ болотар мегузорад. Ҳоло биёед бубинем бо ин 92 миллион доллар чи корҳое барои кишвар мешуд анҷом дод.

Пас аз ҳамлаи Русия ба Укроин кишварҳои ҷаҳон масорифи низомии худро афзоиш додаанд, ки ба пас аз ҷанги срад расидааст. Албатта Тоҷикистон ба ҳайси як кишвари кӯчак наметавонад бо кишварҳои муқтадир, ба хусус ҳамсояҳои қудратмандаш мисли Чину Русияву Эрону Туркия ва ҳатто ҳамсояҳои аз нигоҳи низомӣ миёнаҳолаш мисли Афғонистону Узбекистон рақобат кунад. Аммо бо дарназардошти ин ки бо Қирғизистони ҳамсоя дар вазъияти нимаҷангӣ қарор дорад ва ҳамсояҳо бо суръат қудрати низомии худро боло мебаранд, лозим дорад ба бахши низомӣ таваҷҷӯҳи бештаре намояд. Ҳамсояҳо дар ду соли охир даҳҳо мошини зиреҳпӯшу тонк ва ҳатто паҳподҳо хариданд, буҷаи артишро боло бурданд вориди гуфтугӯ бо қудратҳои низомие мисли Русияву Туркия шудаанд. Аммо ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар ин муддат ҳатто як тир нахаридааст ва мунтазир аст кай Русия силоҳҳои азистифодабаромада ба “списатшуда”-ашро ба Тоҷикистон медиҳад.

Бо ин 92 миллион доллар мешуд яке аз ин силоҳҳо:

  • 20-30 тонк (вобаста аз қиматаш);
  • 100 мошини зиреҳпӯш (БМП);
  • 3-4 ҳавопаймои ҷангӣ;
  • 10 то 18 паҳподи “Байрақдор”-и туркӣ (вобаста аз навъаш); 
  • 1000 адад паҳподи интиҳории “Шоҳид”-и эронӣ

ё дар умум 5-6 тонк ($15-20млн), 20-30 мошини зиреҳпӯш ($15-20 млн), 1 ҳавопаймои ҷангӣ ($25-30 млн) ва 2-3 паҳподи “Байракдор” ($10-15 млн) ва 100 паҳподи интиҳории “Шоҳид” ($8-10 млн) харид, ки қудрати низомии кишварро бамаротиб болотар мебурд.

Ин силоҳҳо дар вазъияти ҳозира бештар аз ҳар чизе барои Тоҷикистон заруртаранд, чи расад ба як ҳавопаймои хусусӣ, ки мисли Мексика дар ангар хоҳад хобид. 

Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати байналмиллаӣ тақрибан як “махав” аст, ки ба ҳеҷ ҷое роҳ надорад ва ба истиснои чанд кишвари ҳамсояи узви созмонҳои пасошӯравӣ, ҳеҷ кишваре қабулаш намекунад. Бо ин ҳавопаймои садмиллиониаш, ки танҳо масрафи сӯшзишворӣ ва хидматрасонии фурӯдгоҳиву фазоии ҳар парвозаш на камтар аз 50 ҳазор доллар арзиш хоҳад дошт, ӯ метавонад танҳо ба Хуҷанд ва ду-се кишвари ҳамсоя парвоз кунад ва шояд гоҳе ба Русия. Дар ҳоле, ки агар бисёр дилаш мехоҳад ҳавопаймои хусусӣ дошта бошад, метавонист ҳавопаймоҳои кӯчаке бо арзиши 5 то 10 миллион харидорӣ кунад, ки ҳам қимат ва ҳам масрафи нигоҳдориву парвозҳояш бамаротиб камтаранд. Дар асл ин диктатори исрофкор ва дузди моли мардум агар лоиқи ҳавопаймои хусусист, ба бештар аз “Кукурузник”-и замони Шӯравӣ арзандатар нест. 

Дар низоъи мусаллаҳонаи дурӯза бо қирғизҳо хонаи даҳҳо сокини навоҳии Исфара ва Бобоҷон Ғафуров сӯхт. Ҳукумат ваъда кард дар камтарин фурсат ҳамаи хонаҳои сӯхтаро барқарор намуда ба сокинони зарардида ҷубропулӣ пардохт хоҳад кард. Аммо бо гузашти як сол сокинон то ҳол мунтазиранд, ки кай ҳукумат ба ваъдааш вафо мекунад. Дар як сол ҳукумат барои бозсозии хонаҳои сокинони зарардида дар ҷанг наметавонад пул пайдо кунад, аммо пули ҳавопаймои хусусӣ барои “пешво”-ро дар як рӯз пайдо ва пардохт мекунад.

Бо ин 92 миллион доллар мешуд ҳамаи хонаҳо ва иншооти зарардида дар ниҳоъҳои марзиро навсозӣ кард бва бо бақияаш сарҳадро хеле мустаҳкамтар сохт.

Раисҷумҳури Мексика гуфтааст бо пули ҳавопаймои фурӯхтааш ду беморхона месозад. Бо ин пул мешуд дар Тоҷикистон на 2, балки 10 беморхона ё мактаб сохт, ки кулли манотиқи кишвар ба он ниёзи шадид доранд. Аксари беморхонаву мактабҳо дар бештари манотиқ ба чанд ҳазор доллар ниёз доранд, то ҳади ақал деворҳои фурӯрафтаашонро таъмир кунанд, аммо ҳукумат пул надорад.

Пули буҷа, ки ҳақдори аслиаш мардуми қашшоқ ва нимгуруснаи кишвар аст, барои хариди ҳавопаймои “люкс” барои пешвои худхонда масраф мешавад, то ӯ аз рӯи хонаҳои сӯхтаи мардум, гӯрҳои сарбозони шаҳид ва беморхонаву мактабҳои фурӯрафтаистода бо “комфорт” парвоз кунад.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *