Рубрики Хабарҳо

Вашингтон Пост: ифшокунандаи иттилооти маҳрамонаи Амрико як марди ҷавон аст

Вашингтон Пост ба нақл аз аъзои як гурӯҳи гуфтугӯи онлайнӣ гуфтааст, фарде, ки асноди табақабандишудаи Иёлоти муттаҳидаро фош карда буд, марди ҷавоне аст, ки камтар аз 30 сол син дорад. Ў дар як пойгоҳи низомӣ кор мекард ва ба силоҳ алоқаманд аст. 

Дар ин гузориш, ки рӯзи чаҳоршанбе мунташир шуд, гуфта мешавад, ки ин марди ҷавон иттилооти табақабандишударо дар гурӯҳи гуфтугӯи онлайнӣ дар платформи паёмрасонт Discord ба иштирок гузоштааст. Аъзои ин гурӯҳе аз мардони ҷавон буданд, ки онҳо низ ба аслиҳа ва таҷҳизоти низомӣ алоқа доранд. 

Рӯзномаи Вашингтон Пост ҳеҷ номе аз ин мард наовардааст ва гузориш бар асоси мусоҳиба бо ду нафар аз аъзои ин гурӯҳ навишта шудааст. 

Иттилооти маҳрамонаи Вазорати дифоъи Амрико ҳокӣ аз ҳузури неруҳои вижаи ғарбӣ дар Укроин аст 

Паёмрасони Дискорд дар баёнияе эълом кард барои равшан шудани мавзӯъ бо намояндагони қонун ҳамкорӣ хоҳад кард. Дискорд як паёмрасони маҳбуб дар миёни алоқамандон ба бозиҳои видеоӣ аст. 

Вазорати дифоъ ва додситонии ИМА то кунун дар ин маврид изҳори назар накардаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *