Самариддин Қурбонов, сокини 35-солаи ноҳияи Фархор, ки ҳамагӣ 4 моҳ пеш баъди 3,5 соли ҳиҷрат ба Тоҷикистон баргашта буд, боздошт шудааст. Бародари ӯ, фаъоли сиёсӣ Илҳом Қурбонов мегӯяд алайҳи додараш ҳеҷ парвандае вуҷуд надошт ва ба ин назар аст, ки сабаби боздошташ фаъолиятҳои сиёсии ӯст.
Илҳом Қурбонов дар Аврупо паноҳанда аст ва 2 апрел дар дар назди сафоратхонаҳои Бритониё ва Ҳолланд дар эътироз ба сафари Раҳмон ба Аврупо ширкат карда буд. Ӯ ба ин назар аст, ки мақомот мехоҳанд бо боздошти бародараш ӯ ва дигар фаъолонро тарсонанд.
Ба гуфтаи ин фаъоли сиёсӣ додараш ягона нафаре аз хонаводаи онҳо нест, ки боздошт шудааст. Моҳе қабл писарамакаш Шоҳзамон Валиев боздошт шуда буд ва ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) қарор дорад.
Шоҳзамон зери посте дар бораи сохтани “тандиси модар” дар шаҳри Кӯлоб, ки гуфта мешавад ба модари раиси ин шаҳр Бахтиёр Назарзода сахт шабоҳат дорад, навишта буд, “намешавад, ки ба ҷои ҳайкали модарат роҳа соз кунӣ”. Ӯ дар Русия қарор дошт ва баъди ин шарҳаш зери таъқиб қарор мегирад. Дертар Шоҳзамонро бо ваъдаи афв маҷбур месозанд, ки ариза бо дархости афв навишта фиристад. Баъди ариза ва гирифтани 2000 доллар ришва, мегӯянд, ки ӯ афв шудааст ва бояд ба Тоҷикистон баргардаду ба баъзе ҳуҷҷатҳо имзо гузорад. Аммо ҳамагӣ баъди як рӯзи баргаштан, 1 марти соли ҷорӣ боздошташ карданд.
Ду ҳафтаи охир, дақиқан баъди тазоҳуроти мухолифин дар Олмон, ки тавонистанд аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо ҷилавгирӣ кунанд, фишор болои хонаводаҳои мухолифин дар Тоҷикистон ба шиддат афзоиш ёфтааст. “Паём” хабарҳое аз фишор болои хонаводаҳои дигар низ дарёфт кардааст, ки ба зудӣ нашр хоҳад шуд.