Се хабарнигор ва таҳлилгари Блумберг дар гузорише бо ишора ба паҳлӯ гирифтани як киштии таҳти таҳрим дар яке аз бандарҳои Русия бар ин нукта таъкид кардаанд, ки Маскав ба думболи ҷамъоварии силоҳ аз гӯшаю канори дунё барои истифода дар ҷанг алайҳи Укроин аст.
Дар ин гузориш, ки ба қалами се хабарнигори ин расонаи чандмиллиятии мустақар дар Ню-Йорк ба номҳои Алберто Нардили, Акс Виком ва Ҷенифер Ҷокубз ба риштаи таҳрир даромада иддао шудааст, ки як киштии тиҷории таҳти таҳримҳои Амрико авохири моҳи гузашта дар масири худ аз Сурия ба Русия аз тангаи Босфори Туркия убур кард.
Ба иддаои таҳиякунандагони ин гузориш мақомоти иттилоотии Аврупо, ки “Спарта-2”-ро пайгирӣ карданд, муътақиданд, ки ин киштӣ ҳомили худравҳои низомӣ барои тақвияти қуваҳои низомии артиши таҳти амри Владимир Путин дар ҷанг алайҳи Укроин будааст.
Паҳлӯ гирифтани киштии ёдшуда дар бандари “Новороссийск” воқеъ дар соҳилҳои ҷанубии Русия дар баҳри Сиёҳ, ба эътиқоди нависандагони ин гузориш нишонаи қавии далолаткунанда бар талоши Кремл барои баҳрабардорӣ аз кулли манобеъ ва имконоти мавҷуд барои тақвияти қувваҳои низомии артиши Русия дар таҳоҷум ба хоки Укроин аст.
Таҳлилгарон мӯътақиданд, ки Русия дар шашумин моҳ аз таҳоҷуми низомӣ ба ҳамсояи ғарбӣ, ки аз он ба унвони бузургтарин амалиёти низомӣ дар Аврупо пас аз ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ёд мешуд бо камбуди бархе қисмҳо ва таҷҳизоти низомӣ ва низ мушкилоте дар таъмини ҳаракат ва нерӯ рӯ ба рӯ аст.
Ин гузориш меафзояд: дар ҳоле, ки Укроин миллиардҳо доллар таслиҳот аз Иёлоти муттаҳида ва Аврупо барои боло бурдани тавони дифоъии худ дар баробари таҳоҷуми низомии Русия дарёфт карда, Маскав дар муқобил бештар ба манобеъ дар дастрас ва махсуси худ барои ҳимоят аз нерӯҳои хатти муқаддам аст, ки гузоришҳо аз талафоти густурда дар миёни онҳо ҳикоят дорад.
Бар асоси баровардҳои анҷомшуда тавассути манобеъи низомӣ дар Иёлоти муттаҳида, даҳҳо ҳазор нерӯи артиши Русия то кунун дар ҷараёни набардҳо дар Укроин кушта ё захмӣ шуда ва ҳазорон худрави зиреҳпӯши мутааллиқ ба Русия низ нобуд карда шудаанд.
Блумберг ба нақл аз як манбаъи иттилоотии аврупоӣ, ки нахост номаш фош шавад овардааст, ки давлати Амрико мӯътақид аст Русия аз киштиҳои тиҷорӣ барои интиқоли маҳмулаҳои низомӣ ба баҳри Сиёҳ истифода мекунад.
Ба гуфтаи мақомоти иттилоотӣ ва низ бо таваҷҷӯҳ ба тасвирҳои моҳвораӣ рӯзҳои 17 то 25 июл, ки Блумберг муддаӣ аст онро мушоҳида карда, “Спарта-2” худравҳои низомиро аз бандари Тартуси Сурия, ки русҳо дар он пойгоҳи низомӣ эҷод кардаанд ба бандари баҳри Сиёҳ мунтақил мекунанд.
Блумберг муддаӣ аст, ки гузоришҳо вуҷуди худравҳои зиреҳпӯшро, ки моҳияти онҳо дақиқан мушаххас нест дар дохили ин киштӣ дар замони боргирӣ дар Сурия ва ҳамчунин ҳангоми убур аз тангаи Босфор ва сипас дар замони тахлия дар бандари “Новороссийск” таъйид мекунанд.
Дар ин гузориш бо истинод ба додаҳои мубтанӣ бар пагирии баҳрӣ омадааст, ки киштии мутааллиқ ба ширкати таҳти контроли вазорати дифоъи Русия аст, ки Иёлоти муттаҳида моҳи майи гузашта онро таҳрим карда буд.
Киштии “Спарта-2” бино ба ин иддао дар таърихҳои 17 то 25 июл бидуни мамониъати Туркия, кишваре, ки узви НАТО аст, муваффақ ба убур аз тангаи Босфор ва интиқоли маҳмулаҳои низомӣ ба бандаре дар Русия шудааст.
Анқара пас аз оғози таҳоҷуми низомии Русия ба Укроин дар 24 феврали гузашта бо истинод ба конвенсиюни Монтро, тангаи Босфорро ба рӯйи киштиҳои низомӣ баст, агарчи киштиҳои тиҷорӣ метавонанд аз он убур кунанд.
Гуфта мешавад, ки ширкати бории “Оборонложистик” дар мавориди дигаре низ аз киштиҳои бории худ барои интиқоли таҷҳизот дар ҳамин масир истифода карда ва дар гузашта борҳо маҳмулаҳои низомиро аз Русия ба Сурия мунтақил карда буд.
Як сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико посух ба саволҳо дар ин хусусро ба давлати Туркия баргардонд ва аз тавзеҳоти бештар худдорӣ кард.
Як мақоми туркиягии наздик ба ин мавзӯъ низ гуфт, ки як киштии тиҷорӣ танҳо дар сурате мавриди бозрасӣ қарор мегирад, ки иттилооти далолаткунанда бар тахаллуф ва ё эҳтимоли тахаллуф дар иртибот бо он дарёфт шуда бошад.
Сухангӯи Кохи Сафед аз изҳори назар дар мавриди ин ки оё Иёлоти муттаҳида бо мақомоти Туркия дар бораи ин мавзӯъ сӯҳбат кардааст ё хайр, худдорӣ кард.
Русия бидуни шак дар тӯли як даҳаи гузашта бар асоси барномаи модернизотсиюни артиши ин кишвар, ки таҳти назорати Путин анҷом шуд, анборҳои зиёде аз таслиҳот дар ин кишвар эҷод кард. Дар ҳамин росто мақомоти Кремл ҳар гуна мушкил дар таъмини муҷаддади таҷҳизот барои нерӯҳои низомии даргир дар ҷанг артиши худро инкор мекунанд.
Бо ин ҳол, мақомоти амрикоӣ ва аврупоӣ мегӯянд, ки аз даст додани теъдоди зиёди тонк ва мошинҳои зиреҳпӯш, Маскавро маҷбур мекардааст то дар анборҳо ба думболи таҷҳизоти қадимитар, аз ҷумла тонкҳои Т-62, ки чанд даҳа умр доранд, барои истифода дар майдони набард бигардад, ё ниёзҳои худро дар заминаи таҷҳизот ва нерӯ аз гӯшаю канори дунё ва аз муттаҳидони худ таъмин кунад.
Виллям Брунз, мудири Созмони иттилооти Амрико, се моҳи гузашта тайи суханоне дар як ҳамоиши амниятӣ дар Иёлоти муттаҳида гуфта буд, ки Русия дар ҳоли рӯй овардан ба Эрон барои хариди паҳподҳои таҳоҷумӣ аст. Вай ҳамчунин гуфта буд, ки ин нишондиҳанда “нуқси саноеъи дифоъии Русия ва мушкилоте аст, ки ин кишвар акнун пас аз мутаҳаммил шудани хисороте қобили таваҷҷуҳ бо он рӯ ба рӯ аст.”
Дигар гузоришҳо ҳокӣ аст, ки Русия ба рағми боло гирифтани танишҳо миёни Арманистон ва Озарбойҷон дар минтақаи Қарабоғ ахиран шуморе аз нерӯҳои ҳофизи сулҳи худро аз ин минтақа ба ҷабҳаҳои набард дар Укроин мунтақил кардааст.
Иёлоти муттаҳида моҳи марти гузашта низ муддаӣ шуда буд, ки Русия теъдоде аз нерӯҳои худро аз минтақаи ҷудоиталаби Осетияи ҷанубӣ дар Гурҷистон ба Укроин мунтақил кардааст.
Блумберг ҳамчунин ба нақл аз як манбаъи огоҳ нисбат ба сиёсатҳои дифоъии Русия аз Кореяи шимолӣ ба унвони яке дигар аз манобеъи ҷадиди таъмини кумакҳои низомӣ барои ин кишвар ёд кардааст.
Бар ин асос гуфта мешавад Кореяи шимолӣ, ки моҳи гузашта Донетск ва Луганск, ҷумҳуриҳои таҳти контроли Кремл дар шарқи Укроинро ба расмият шинохт ба далели доштани сомонаҳое бо кайфияти тӯпхонаӣ, мавриди таваҷҷӯҳи таъминкунандагони силоҳ дар Русия қарор гирифтааст.