Рубрики Хабарҳо

Зиндониёни собиқ дар Узбекистон $845-ӣ мегиранд

Дар Узбекистон тасмим гирифта шуд, ки ба зиндониёни собиқ барои оғози тиҷорат 840 доллар пардохт карда шавад.

Ӯзбекистонҳое, ки аз маҳбас озод шудаанд, метавонанд барои оғози тиҷорати худ дар ҳаҷми 9,2 миллион сӯм (845 доллар) кумаки яквақта дарёфт кунанд.

Тавре хабаргузории Mediazona бо истинод ба Вазорати адлия хабар медиҳад, қарор дар бораи расонидани кумаки аввалияи иҷтимоӣ ва моддӣ барои мутобиқсозии маҳбусони собиқ рӯзи 29 июн аз ҷониби президент Шавкат Мирзиёев тасвиб шуд.

Вазорат қайд мекунад, ки мақомот танҳо барои татбиқи лоиҳаҳо дар бахшҳои соҳибкорӣ, меъморӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маблағ ҷудо мекунанд. 

Ҳамчунин зиндониёни узбекситонӣ имкони таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳоро пайдо хоҳанд кард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *