Мушовири раисҷумҳури Эрон дар умури ақвом ва ақаллиятҳои динӣ ва мазҳабӣ аз давлати Сайид Иброҳим Раисӣ хост то 9 тан аз нухбагони аҳли суннатро ба унвони сафир дар дигар кишварҳо истифода кунад.
Абдуссалом Каримӣ, мушовири раисҷумҳури Эрон дар умури ақвом ва ақаллиятҳои динӣ ва мазҳабӣ изҳор дошт: Нақшофаринии нухбагони аҳли суннат дар кишвар аз ҷумлаи барномаҳои меҳварии давлати сездаҳум аст.
Вай дар гуфтугӯи имрӯзи худ бо хабарнигорон ҳамчунин эълом кард: ба манзури истифода аз тавонмандии нухбагони аҳли суннат, 9 нафар ба унвони сафирони Эрон ба вазири умури хориҷаи Эрон пешниҳод шуданд.
Каримӣ ду талаби дигари суниҳои Эронро чунин баршумурд: ҷиҳати интихоби нухбагони аҳли суннат барои устондорӣ дар устонҳои мухталиф ройзанӣ шудааст. Бисёре аз шаҳрвандони аҳли суннат дар сафарҳои мухталифе, ки доштем хостори таътили рӯзи 12 рабеулаввал (мелоди паёмбари ислом ба ривояти аҳли суннат) шуданд, ки дар ин росто то қабл аз мусаввабаи қонунӣ дар Маҷлиси Шӯрои исломӣ ба ҳайати давлат пешниҳод шудааст.
Дар ҳамин ҳол, худи намояндагони аҳли суннат мегӯянд Рӯҳонӣ замони таблиғоти интихоботиаш ваъдаҳои зиёде ба аҳли суннати Эрон дода буд ва аз ҷониби онҳо дар интихобот дастгирӣ ёфт, аммо ҳеҷ кадом аз он ваъдаҳо иҷро нашуданд. Зоҳиран қабл аз интихоботи нав тими Рӯҳонӣ мехоҳад раъйи аҳли суннатро дубора ба даст оварад.