Муаззама Қодирова, вакили дифоъи Бузургмеҳр Ёров, ки чанд рӯз пеш бинобар фишорҳо Тоҷикистонро тарк кард, ягона вакиле нест, ки бо “сабаб” ва “далел”-ҳои гуногун натавонистааст ваколаташро анҷом диҳад.
Хосият Ёрова, хоҳари Бузургмеҳр рӯйхати вакилони дифоъеро, ки ба ҳимояи Бузургмеҳр роҳ дода нашудаанд, ё баъадан аз ҳимоя даст кашидаанд, нашр кардааст:
Рӯзи аввал Файзинисо Воҳидоваро бо ин баҳона, ки гӯё дар парванда ҳамчун шоҳид меравад, ба вакили дифои Бузургмеҳр шудан иҷоза надоданд.
Нуриддин Маҳкамов низ бо ҳамин баҳона рад шуд.
Ҷамшед Ёровро худи Бузургмеҳр қабул накард, узви ҲНИТ бе вакили дифоъ намонад.
Румиев Ғолибшо бо дархости Бузургмеҳр даъват шуд, вале бо сабабхои номаьлум аз ҳимояи ӯ даст кашид.
Раҳмонов Меҳрубон ҳам бо дархости Бузургмеҳр таклиф шуд, вале бо сабабхои номаълум қабул накард.
Назарова Ҳилола низ мисли ду нафари болоӣ бо хоҳиши Бузургмеҳр даъват шуд, вале бидуни ироаи сабаб даст кашид.
Яъқубов Бобохон ягона вакиле буд, ки бе гирифтани маблағ дар тамоми марҳилаи тафтишот фаъолият кард, вале мутаассифона то мурофиа нарасида, бо сабабҳои номаълум даст кашид.
….. Рустам, вакиле, ки 3 рӯз дар мурофиа иштирок кард, вале Бузургмеҳр раддия дода, аз ӯ даст кашид.
Қодирова Муаззама аз моҳи май то 06.01.2017 дар ин парванда фаъолият кард ва билохира на танҳо парвандаи Бузургмеҳр, балки кишварро ҳам тарк кард.
Дар охир хоҳари Бузургмеҳр суол гузоштааст, ки “баъди чунин рӯйхат, шумо фикр мекунед, боз касе мехоҳад адвокати Бузургмеҳр шавад?”