Рубрики Хабарҳо

Даҳ ҳавопаймои Русия дар Олмон дармондаанд

Дар маҷмӯъ даҳ ҳавопаймои таҳти контроли Русия дар панҷ фурӯдгоҳи Олмон замингир шудаанд ва ба далели таҳримҳо иҷозаи парвоз надоранд. Ҳатто додани қисмҳои эҳтиётӣ ба ҳавопаймоҳои модели Антонов, Бомбардиер, Боинг, Сессна, Эмбраер ва Эйрбас муҷоз нест. 

Ҳудуди шаш моҳ пас аз масдуд шудани ҳарими ҳавоии Иттиҳодияи Аврупо барои ҳавопаймоҳои Русия, ҳанӯз 10 ҳавопаймои мутааллиқ ба Русия ё таҳти контроли Русия дар Олмон вуҷуд дорад. Ин хабарро шабакаи таҳририяи Олмон (RND) ба нақл аз вазорати ҳамлу нақли федерали Олмон гузориш дод. 

Bа ин вазоратхона эълом кардааст: аз онҷое, ки ин ҳавопаймоҳо ба далели муқаррароти таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо иҷозаи парвоз надоранд, наметавонанд тавассути моликонашон мавриди истифода қарор гиранд ва ба макони дигаре мунтақил шаванд.” 

Се ҳавопаймои Антонов АN-124-и русӣ дар Лептсиг, Бомбардир BD-100-1A10 ва Чалленгер-300 ва як Боинг-737 дар фурудгоҳи Кёлн ва як Боинг-747 дар фурӯдгоҳи “Франкфурт Ҳон” замингир ҳастанд. 

Чаҳор ҳавопаймои дигар дар фурудгоҳи Баден-Баден порк шудаанд: як Сессна-750 Ситатион Х, ду ҳавопаймои Эмбраер ERJ-135-BJ Легаcy-600 ва як Бомбардиер BD-700-1A10 Global Express XRS. 

Дар посух ба таҳоҷуми Русия ба Укроин, Иттиҳодияи Аврупо дар авохири моҳи феврал ҳарими ҳавоии худро ба рӯйи парвозҳои Русия баста буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *