Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон, эътилофи мухолифони тоҷик ва раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке аз 4 узви ин эътилоф гуфт баъди чанд моҳи террористӣ шинохта шудани ҲНИТ аз ҷониби Русия, мақомоти рус ба иштибоҳ будани ин тасмим эътироф кардаанд.
Раҳбари ПМТ, ки дар пахши мустақими барномаи “Минбари муҳоҷир”-и шабакаи “Ислоҳ” бо мардум сӯҳбат мекард, гуфт баъди муддате аз террористӣ эътироф кардани ҲНИТ “русҳо бо мо тамос гирифтанд ва ба иштибоҳи худ эътироф карданд. Баъдан хоҳиш карданд, ки шумо “интиқоди худ алайҳи Путинро бас кунед”. Ман гуфтам “барои чӣ? Ба шумо чӣ аҳамияте дорад, ки як ҳизби “террористӣ” аз Русия интиқод мекунад ё намекунад?” Гуфтанд “на, мо нав фаҳмидем ва баъд таҳлил кардем, ки ҳарфҳои шумо байни муҳоҷирони тоҷик хеле таъсир доштааст. Ва мо иштибоҳи худро дарк кардем”. Гуфтам, “хуб, агар иштибоҳатонро фаҳмидед, пас ислоҳ кунед”. Гуфтанд “кор дар сатҳи боло ҳал шудааст ва каме вақт мехоҳад”. Гуфтам “мо мунтазир мемонем. То вақте ки ин иштибоҳи худро ислоҳ накунед, мо ба ин сиёсатамон идома хоҳем дод. Чӣ гуна мешудааст, ки шумо моро террорист эълон кунед, миллати тоҷикро таҳқир кунед, муҳоҷирони тоҷикро ба ҷанг бифристед, ба рӯи замин таҳқиромез бихобонед, баъд мо ба хотири кадом рӯзе, ки ҳукумати Русия ақлаш медарояд, мунтазир бошем. На ба ҳеҷ ваҷҳ!”
Дар Паймони миллии Тоҷикистон ба “Паём” гуфтанд, ки ин ҳарфи русҳо дар мулоқоти онҳо бо Муҳиддин Кабирӣ, ки чанд моҳ пеш сурат гирифта буд, садо додааст. Дар ҳамин ҳол аз посух ба ин суол, ки мулоқот дар куҷо сурат гирифта, “бо далелҳои сиёсӣ” худдорӣ карданд.
Раҳбари ПМТ бо таъкиди ин ки “мо замони шурӯъи ҳамлаи Русия ба Укроин аз муҳоҷирони тоҷик хоста будем то Русияро тарк кунанд”, бори дигар ба муҳоҷирон муроҷиъат кард ва гуфт “ҳар касе имконашро дорад, дар камтарин фурсат хоки Русияро тарк кунад”.
Кабирӣ гуфт муҳоҷирон пеш аз ҳама бояд ба Тоҷикистон баргарданд ва онҷо кор кунанд ва агар кор пайдо накарданд, онро аз Эмомалӣ Раҳмон талаб кунанд. Аммо онҳое, ки дар Тоҷикистон таҳти пайгард қарор доранд, метавонанд ба кишварҳои савум ҳиҷрат намоянд.
Яке аз чунин кишварҳоро раҳбари ПМТ Укроин номида гуфт “баъди ҷанг, ки ба зудӣ ба итмом хоҳад расид ва Укроин аз он пирӯз берун хоҳад шуд, миллионҳо ҷойҳои кории нав дар ин кишвар пайдо хоҳанд шуд”.
Дар ҳамин ҳол, раиси ҲНИТ дар бораи ҳиҷрат ба Аврупо гуфт “ман инро маслиҳат намедиҳам, чун баргаштан ба Тоҷикистон мушкилтар мешавад”.