11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Афзоиши қимати ҷаҳонии нафт пас аз посухи Амрико ба тарҳи эҳёи Барҷом

Қимати ҷаҳонии ҳар бушка нафти навъи Брент дар ҷараёни додугирифтҳои рӯзи панҷшанбеи бозори ҷаҳонӣ дар остонаи 102 доллар муомила шуд, ки болотарин нарх дар 27 рӯзи гузашта ба шумор меравад. 

Дар ҳоле, ки муомилоти рӯзи чаҳоршанбе бозори ҷаҳонии нафт бо нархи 99.74 долларӣ барои ҳар бушкаи нафти пояи брент оғоз шуда буд, ин нарх пас аз се ҳафта бори дигар аз марзи 100 доллар гузашт ва додугирифтҳои шабонарӯзи гузашта бо сабти қимати 101.88 ба поён расид. 

Оғози раванди болоравии қимати ҷаҳонии нафт дар шароите аст, ки Иёлоти муттаҳида рӯзи чаҳоршанбе посухи худро ба тарҳи пешниҳодии Иттиҳодияи Аврупо ба манзури эҳёи тавофуқи ҳастаии соли 2015 бо Эрон ва лағви таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи ин кишвар ирсол кард. Посухе, ки ҳанӯз ҷузъиёте аз он мунташир нашуда вале бо таваҷҷуҳ ба “мантиқӣ” тавсиф кардани посухи Эрон аз сӯи Жозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, умедҳоро барои баргузории даври поёнии музокироти ҳастаӣ ба манзури рафъи охирин ихтилофиназарҳо афзоиш додааст. 

Аммо бархе таҳлилгарони бозори ҷаҳонии нафт мӯътақиданд, ки бозор ҳанӯз нисбат ба рафъи фаврии таҳримҳо алайҳи фурӯши нафти Эрон ва арзаи сареъи нафти ин кишвар дар бозори ҷаҳонӣ хеле хушбин нест. Барои мисол, изҳороти рӯзи душанбеи Абдулазиз ибни Салмон, вазири энергии Арабистон, мабнӣ бар эҳтимоли коҳиши тавлиди нафт аз сӯи аъзои Опек плюс, бозорро нигарон карда, вале арзёбиҳо мабнӣ бар ҳосил шудани пешрафт дар ҷараёни музокироти ҳастаӣ бо Эрон монеъ аз боло рафтани қиматҳо намешавад. 

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *