Интиқоли маблағ аз Русия ба кишварҳои хориҷӣ аз 30-юми майи соли 2025 ба тартиби нав роҳандозӣ мешавад.
Акнун ҳам шаҳрвандони Русия ва ҳам хориҷиён барои фиристодани беш аз 100 ҳазор рубл бояд суратҳисоби бонкӣ дошта бошанд.
Фиристодани чунин маблағ бе суратҳисоб қаблан имконпазир буд ва шаҳрвандони хориҷӣ метавонистанд бо пешниҳоди шиноснома пул интиқол диҳанд.
Аммо акнун барои чунин амалиёт идентификатсияи пурра ва маълумотҳои иловагӣ дар бораи ҳадафи интиқол ва қабулкунанда талаб карда мешавад.
Бонкҳо метавонанд ҳангоми интиқоли маблағи зиёда аз 100 ҳазор рубл аз шахс маълумоти иловагӣ талаб кунанд. Аммо ин маҳдудият ба интиқолҳои корт ба корт дахл надорад.
Ба гуфтаи мақомоти расмии Русия, қоидаҳои нав бо мақсади мубориза бо қонунӣ кардан ё баровардани маблағҳое аст, ки бо роҳи ҷиноят ба даст омадаанд.
Дар соли 2023 муҳоҷирон ба Тоҷикистон 5,7 миллиард доллар фиристодаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube