Мақомоти вилояти Хатлон аз афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар соли гузашта хабар дод. Маҳсулоти ин вилояти Тоҷикистон ба 7 кишвари ҷаҳон содирот шудааст
Тавассути дидбонгоҳҳои гумрукии вилояти Хатлон 31 ҳазору 300 тонна нахи пахта, 11 ҳазору 800 тонна калобаи ресандагӣ, 1200 тонна матоъ, 1 млрд 700 млн кв. соат. неъруи барқ, 418 ҳазору 400 тонна семент, 269 ҳазору 400 тонна ангишт аз ҳудуди вилоят содирот шудааст.
Ҳамзамон тибқи иттилои мақомоти вилояти Хатлон дар соли 2022 аз ҳудуди вилоят ба хориҷи кишвар 23 ҳазору 800 тонна маҳсулотҳои соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла 20 ҳазор тонна таввасути нақлиёт ва тайёра, 3819 тонна бо тариқи роҳи оҳан ба берун аз ҷумҳурӣ ба давлатҳои Русия, Афғонистон, Ӯзбекистон, Туркия, Қазоқистон, Покистон ва Белорусия содирот шудааст.
Ҳамчунин 6044 тонна сабзавот, аз ҷумла 4157 тонна пиёз, 330 тонна полезиҳо, 5038 тонна мевагиҳо ва лимон, 10863 тонна ангур ва 1528 тоннаву 300 кило дигар маҳсулотҳо содир шудаанд.