Бонки Осиёии Рушд 41 миллион доллар барои беҳсозии шабакаи обу корези шаҳри Душанбе ба Тоҷикистон кумак мекунад.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Avesta, шабакаи интиқоли 10 километрии обу корези Душанбе, ки соли 1970 сохта шуд нақши аслии он ҷамъоварии партов аз шабакаҳои обу корези хонагӣ дар шаҳр ва интиқоли онҳо ба марокизи тасфияхона буд, дар ҳоли ҳозир ин шабакаи интиқоли партов ба иллати фарсудагии таъсисот аз рада хориҷ шудааст.
Пас аз беҳсозӣ, лулаҳо ва таъсисоти шабакаи интиқоли партов шароити беҳдоштии минтақа беҳбуд пайдо мекунад ва хатари ибтило ба бемории ҳудуди 350 ҳазор нафар аз сокинон ҳам аз байн меравад. Ширкати Душанбе водоканал (Dushanbe vodokanal) қарордоде ба арзиши 9 миллиону 400 ҳазор доллар бо як ширкати олмонӣ баст. Ин ширкати олмонӣ пас аз баргузории муноқисаи байналмиллалӣ бо назорати Бонки Осиёии Рушд интихоб шуд.
Дар ноябри 2018, Бонки Осиёии Рушд тарҳи беҳбуд ва беҳсозии шабакаҳо ва таъсисоти обрасониро барои таъмини оби нӯшокии беҳдоштии сокинони шаҳри Душанбе тасвиб кард.
Ин аввалин тарҳи бахши шаҳрии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон аст.