Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 23 сентябр Созишнома дар бораи ироаи қарзи молиявӣ аз сармояи Хазинаи авруосиёи субот ва тавсеъа байни Тоҷикистон ва Бонки авруосиёии рушдро барои дастгирии бучаи давлатӣ дар шароити пандемии COVID-19 тасвиб кард.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, ки ин тарҳро дар парлумон муаррифӣ мекард, гуфт, ки $50 млн қарзе, ки аз ин бонк гирифта мешавад барои пӯшидани камбуди буҷа да дастгирии бахши иҷтимоӣ равона хоҳад шуд.
Ҳамчунин вакилони парлумон бидуни баҳс созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмиллалии исломии сармоягузорӣ дар савдоро (ITFC) тасбиб карданд.
Мувофиқи ин созишнома Тоҷикистон дар се соли оянда барои рушди савдо $150 млн қарз дарёфт хоҳад кард.