Рубрики Хабарҳо

Қирғизистон дар замине, ки ба Тоҷикистон тааллуқ дорад, парчами 40-метрӣ сохт

28 май, дар деҳаи Мақсади ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд бо ширкати раиси КДАМ-и Қирғизистон Қамчибек Тошиев, мақомоти маҳаллӣ ва сокинон парчами 40-метраи Қирғизистон барафрохта шуд. Мақсад деҳаи навпайдост ва дар заминҳои Тоҷикистон сохта шудааст. 

Маҳз ба 28 май рост омадани ин парчамафшонии кишвари ҳамсоя ҳам рамзист: ин рӯзест, ки дар Тоҷикистон рӯзи марзбонҳо эълон шудааст.

Тибқи иттилоъи хабаргузории қирғизии “” зимни маросим, Қамчибек Тошиев мардуми деҳаи Мақсадро каҳрамон хонда, гуфтааст, “давлат ҳама корро мекунад, то мардум дар сулҳу шароити хуб зиндагӣ кунанд”.

Сомонаи қирғизии “Турмуш” , ки дар рӯзи барафрохтани парчам, ҳамчунин, бо ширкати Қамчибек Тошиев дар ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд дидбонгоҳи сарҳадии “Мақсад” ифтитоҳ шуд.

Деҳаи Мақсади ноҳияи Лайлаки вилояти Бадканди Қирғизистон бо ҷамоати Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ҳаммарз буда, яке аз нуқтаҳои доғ дар ҷараёни низои охири марзӣ миёни ду кишвар ба ҳисоб мерафт.

Тибқи харитаи вилояти Ленинободи ҶШС Тоҷикистон (нашри 1986) аз бойгонии Донишгоҳи Калифорнияи шаҳри Берклии ИМА, ки дар онҷо сарҳади байни Ленинобод ва вилояти Оши Қирғизистон нишон дода шудааст, деҳае бо номи Мақсад умуман вуҷуд надорад ва заминҳои он дар ҳудуди Тоҷикистон аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *