Categories Хабарҳо

Қирғизистон намоиши филмҳои русиро манъ кард

Қирғизистон намоиши филмҳои русиро дар бораи ҷанг дар Донбасс ва ишғоли Қрим дар чаҳорчӯби ҷашнвораи «Вақти Ҳақиқат» манъ кардааст. 

Дар ин бора Азмат Ҷаманқулов, вазири фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонон ба расонаҳо хабар дода гуфт, муассисаи давлатии «Қирғизтасмаси» иҷозатномаҳои қаблан додашуда барои пахши филмҳои русиро бозхонд ва намоиши онҳоро дар кишвар мамнӯъ эълон кард. Ҷаманқулов ин тасмимро вобаста ба «вазъияти кунунии байналмилалӣ» ва мавқеъи бетарафии Қирғизистон шарҳ дод.

Гуфта мешавад, дар Бишкек ва Ош намоиши филмҳои «Қрим», «Донбасс», «Милиция» ва ғайра дар назар буд. Филмҳо аз ҷониби фаъолони маданӣ мавриди танқид қарор гирифтанд.

Ҷаманкулов дар ҷавоб ба суоли вакилон, гуфта, ки ба намоиши фильмҳо сараввал то изҳори нигаронии ҷомеаи маданӣ ичозат шудааст. Дар саросари Бишкек баннерҳои таблиғӣ дар бораи намоиши ин ва дигар филмҳо овезон шуда, дар сомонаи сафорати Русия дар ин кишвар низ эълон дар бораи ҷашнвораи «Вақти Ҳақиқат» нашр шудааст. Баъди баланд шудани садои ҷомеаи маданӣ ҷашнвораро  ба хотири «вазъияти кунунии байналмилалӣ» ва мавқеъи бетарафии Қирғизистон манъ кардаанд.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *