Музди камтаринро дар Тоҷикистон кормандони соҳаи кишоварзӣ, ҷангал ва моҳидорӣ мегиранд.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, маоши онҳо 720 сомонӣ (57 доллар) будааст.
Музди баландтаринро дар Тоҷикистон кормандони бахшҳои миёнаравии молиявӣ (бонкҳо) ва суғурта – 4338 сомонӣ (347 доллар) мегиранд.
Ин нишондод дар бахши истихроҷи маъдан 3,2 ҳазор сомонӣ, сохтмон 2,4 ҳазор сомонӣ, бахши нерӯи барқ ва об 2,7 ҳазор сомониро ташкил додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар моҳи феврали соли равон музди миёнаи моҳонаи номиналӣ дар ҷумҳурӣ 1616 сомониро ташкил додааст.
Музди ҳадди ақал 400 сомонӣ (32 доллар) аст.