Дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ҷанги дурӯза иттифоқ афтод ва тибқи додаҳои гуногун аз 50 то 200-300 нафарӣ аз ҳарду ҷониб кушта шуданд. Садҳо нафари дигар захмӣ гаштанд, даҳҳо хона ба коми оташ рафт, кишвари ҳамсоя бо паҳпод ба масчид дар аснои намоз (!) ва мактаб ҳамла кард (Худоро шукр, ки дар мактаб хонандагон ҳузур надоштанд).
Оташи ҷанг (ҳади ақал ҷанги иттилоъотӣ) ҳанӯз хомӯш нашудааст. Низомиёни қирғиз ҳар замон ба хоки Тоҷикистон тиру гулӯла мезананд, бахши дипломативу расонаияш дар тамоми ҷаҳон ҳангома барангехта, ки Тоҷикистон ба хоки Қирғизистон ҳамла кард. Ҳукуматаш ҳазорон нафарро аҷир карда, то дар шабакаҳои иҷтимоӣ алайҳи Тоҷикистону тоҷикон ҷанги иттилоотӣ баранд ва онҳоро бо хубӣ идора мекунад. Ҳукумат, расонаҳо, тамоми сафоратҳои ин кишвар дар ақсонуқоти ҷаҳон, фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ якдаст шудаанд ва чанге дар ҷаҳон хезондаанд, ки Тоҷикистон зери он монда ва ҲЕҶ садое аз Тоҷикистон дар ҷаҳон шунида намешавад. ЯГОН расона дар ҷаҳон то ҳол нагуфтааст, ки Қирғизистон ба Тоҷикистон ҳамла кард. Ҳама яксадо мегӯянд муқассири ин ҷанг Тоҷикистон буд.
Раисҷумҳури ҳамсоякишвар ба мардумаш изҳори ҳамдардӣ кард. Ҷабборов дар аксари шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифа дорад ва пайваста мардуми дар ҷараёни тасмиму қарорҳояш мегузорад. Ҳукуматаш ҷаласаи фаврӣ доир намуд ва парлумонаш ҳам вакилонашро барои як нишасти изтирорӣ фаро хонд. Раиси парлумони ин кишвар ҳам соат ба соат аз ҷараёни ҳаводиси мардумашро огоҳ мекунад. Имрӯз дар Қирғизистон рӯзи мотами миллӣ эълон шудааст.
Вазорати хориҷии Қирғизистон новобаста аз рӯзи истироҳат (ки аз мақомоти Тоҷикистон тасаввурнопазир аст) барои рӯзноманигорони хоричӣ брифинг ташкил кард ва ҷараёни задухӯрди дурӯзаро лаҳза ба лаҳза шарҳ дод. Албатта аз дидгоҳи худ ва ба нафъи кишвари худ. Шумори кушташудагону захмиёнро ҳам эълон кард (ҳарчанд шоҳидон мегӯянд ин шумор ҳади ақал 5 баробар камтар карда шудааст).
Ҳукумати ҳамсоякишвар қурбониёни ҷанги дурӯзаро қаҳрамон эълон кард, ба хонаводаҳояшон кӯмаку ҳамдардиашро расонд ва ваъда дод, ки ҳамаи хонаҳои тахрибшуда беҳтар аз қабл аз ҷониби давлат сохта хоҳанд шуд. Ҳади ақал 150 000 нафар сокинони деҳаҳои наздимарзиро ба ҷойҳои бехатар интиқол дод ва онҳоро бо ҷои зисту хӯроки бепул ва кӯмаки тиббӣ таъмин кард.
Рӯйхати иқдомҳои рӯидастгирифтаи ҳукумати Қирғизистонро метавон идома дод. Ва мутмаъинан то замоне, ки ин навишта ба итмом бирасад ва ба дасти чоп биравад, чанд иқдоми дигарро ҳам амалӣ хоҳад кард.
Аммо дар ҳамин ҳол на танҳо ҲЕҶ иқдоме аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон гирифта нашудааст, балки садое ҳам шунида намешавад. Бо гузашти беш аз панҷ шабонарӯз ё беш аз 130 соат мардум на садои “пешвои муаззам”-ашро шунидааст ва на садои пешвочаҳову вазирону раисони масъулро!
Дар ҳоле, ки расонаҳо пур аз асмои кушташудаҳову захмбардоштаҳо, хонааздастдодаҳову фарзандгумкардаҳо шудаву саросари кишвар дар азо нишастааст, на раисҷумҳур сарфармондеҳи кулли артиши кишвар Эмомалӣ Раҳмон, на раиси Маҷлиси миллӣ, нафари дуввуми кишвар ва писари раисҷумҳур “генерал” Рустами Эмомалӣ, на раиси Дастгоҳи раисҷумҳур ва духтари ӯ Озода Раҳмон камтарин вокунише ба куштаву захмӣ шудани садҳо шаҳрванди кишвари зери идораашон накардаанд! Гӯё шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ин се идораи комилашро дар даст доранд ва ҳатто инсонҳо неву кадом мушу каламушҳо аз дасти қирғиз кушта шудаанд!
Вақте аз раисҷумҳуру хонаводаи дуздаш интиқод мешавад, тарафдоронаш эътироз мекунанд, ки дар шароити феълӣ набояд аз “пешво” интиқод шавад ва бояд ҳама якдаст алайҳи душмани беруна мубориза бурд. Дар ҳамин ҳол худашон аз блогерҳо, журналистон, зиёиён интиқод мекунанд, ки чаро фаъол нестанд. Фаъол будан, канори мардуми ҷабрдида қарор доштан, дар ҷанги иттилоъотӣ пешқадам будан, расонаҳову мардумро раҳнамоӣ кардан пеш аз ҳама вазифаи “пешво”-и худхонда ва писару духтараш аст, баъдан дигарон.
Инҳо боз даъват мекунанд, ки “бояд дар атрофи пешвои миллат сарҷамъ шуд”. Дар чи коре бояд дар атрофи ӯ муттаҳид шуд? Дар хомӯшӣ? Дар нодида гирифтани ҳамлаи кишвари ҳамсоя ба хоки кишварат? Дар беэътиноии куллӣ ба тақдири кишвару мардум? Дар бохти 100 бар сифр дар ҷанги иттилоъотӣ? Дар бо ду дасти адаб дубора ба қирғиз додани заминҳои ғасбкарда онҳо, ки мардони диловари кишвар дар ҷанги дурӯза баргардонида буданд?
Хомӯшӣ танҳо хоси “пешво”-ву хонаводааш нест. Тамоми вазоратҳо об ба даҳан гирифтаанд ва телевизиони давлатӣ консертҳо намоиш медиҳаду аз обхезӣ дар Буркино Фасо ва марги қурбоқаҳо дар Мадагаскар хабар нашр мекунад.
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи нахустини шурӯъи ҷанг дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз Арманистону Озарбойҷон даъват кард ба низоъи мусаллаҳона хотима дода, мушкилоташонро бо гуфтушунид ҳал кунанд. Сарвазир ҳамла ба хоки кишварашро надид, аммо ду кишвари дигарро ба сулҳ даъват кард. То ҳанӯз ҳам садое дар бораи ҷанг бо қирғизҳо аз Расулзода шунида нашудааст.
Вазорати дифоъ ҳам комилан хомӯш аст ва вазири дифоъ Шералӣ Мирзо, ки бояд аз субҳи 14 сентябр дар Исфара хайма мезаду пайваста бо расонаҳо ва мардум дар тамос мебуд, мисли муш дар кадом сӯрохе пинҳон шудааст.
Ҳукумат, ба хусус Оила, ки се мансаби аслии ҳукуматро ғасб кардааст шабеҳи як санги сиёҳ аст, ки тарафдоронаш аз он бут тарошидаанд, мухолифон дев. Тарафдорон ба ин бут саҷда мекунанд, аз он Худо метарошанд ва ҳар чи доранду надоранд ва умеди доштанашро доранд ба ин бут нисбат медиҳанд. Мухолифин ҳар санге дар бағал доранд ба сари ин деви мурда мезананд. Аммо садое аз ин санги беҷон на ба ибодати тарафдоронаш ва на ба санги мухолифин дарнамеояд.
Тарафдорони “пешво” дар ҳоле, ки ҳамаро бо таънаву таҳқиру тундӣ ба ҷанг алайҳи қирғиз фаро мехонанд, ҳарфе аз “пешво”-ву хонаводааш намезананд, ки ин тоифа куҷост? Ва мутмаинанд, ки қирғиз дар ин ҷанг шикаст хоҳад хӯрд ва яке аз сабабҳои шикасти қирғиз, тибқи иддаъои яке аз пасвоён ин хоҳад буд, ки “қирғизҳо пешво надоранд”.
Ягона зикре, ки аз сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар ин 5 рӯз рафт, дирӯз, пас аз 4 рӯзи ҷанг буд. Дирӯз, 18 сентябр раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва фармондеҳи Нерӯҳои сарҳадии КДАМ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ “дар Беморхонаи марказии шаҳри Исфара ҷароҳатбардоштагони муноқишаҳои ахири марзиро аёдат намуданд”, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
“Зимни аёдати захмиёни даргириҳои охир иттилоъ дода шуд, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои табобати сокинони зарардида табибони варзидаи вилоят ҷалб гардида, беморон бо доруворӣ ва хӯроки гарму ашёи зарурӣ таъмин карда шудаанд”.
Яъне агар “пешво” фармон намедод ба беморон доруворӣ ва хӯроки гарм намедоданд.
Ин ягона зикр аз раисҷумҳур дар 5 рӯз аз шурӯъи ҷанг аст. Бо дарназардошти ин ки ҳатто ҳоҷатхонаи мактаб дар Тоҷикистон бо “бо ҳидояту дастурҳои пешвои муаззам” сохта мешавад, ба гумони ғолиб ин “ҳидояту дастур”-и таъмини беморон бао дору низ яке аз онҳост.
Пас аз чаҳор рӯзи шурӯъи ҷанг, замоне фарзияи қирғизҳо дар кулли ҷаҳон матраҳ шуда буду ҳама ба ин натиҷа рсида буданд, ки гунаҳкори асосӣ дар ин ҷанг Тоҷикистон аст, ногаҳон Вазорати корҳои хориҷа аз хоб бедор шуд ва изҳорот пахш кард. Аз ҷанг чаҳор рӯз гузашт, ҳама расонаҳо онро фаромӯш карданд, фарзияи қирғиз ба ҳақиқат табдил шуд ва ҳоло Вазорати хориҷаи Тоҷикистон бо чашмони аз хоб варамкарда ва садои ларзони ғурунгосӣ мегӯяд “Қирғизистон чаҳор рӯз қабл ба хоки Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона карда 28 нафарро кушта будааст”.
Вазорати дифоъ, ки даҳҳо сарбозаш куштаву захмӣ шудаанд, ҳанӯз хомӯш аст. Ҷои он комиссариатҳои ҳарбӣ охирин мӯйсафедони боқимонда дар деҳаҳоро ҷамъ мекунад, то шиорпартоӣ кунанд, ки “барои дифоъи ватан ҷонамонро фидо мекунем!”
Ҷанги иттилоъоти бо қирғизро ҳам онҳое мебаранд, ки бо вуҷдуи фишору таъқибҳои мақомот дилашон ба ватану миллат ва ваҷаб-ваҷаб хоки ин ватан месӯзад. Бо вуҷуди риске, ки ба ҷону озодиашон дар ивази ҳимоят аз ватан таҳдид мекунад. Завқибек Саидаминӣ, Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода аз фаъолтарин хаӣарнигорон дар ҷанги иттлоъотии соли гузашта бо қирғиз буданд.
Гулбиддин Зиёбеков аз Рӯшон ба Ворух рафта буд, то марзи ватаншаро ҳимоят кунад.