11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Раисони КДАМ-и Тоҷикистону Қирғизистон мулоқот ва протокол имзо карданд

Раисони КДАМ-и Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва КДАМ-и Қирғизистон Қамчибек Ташиев шоми 19 сентябр дар гузаргоҳи сарҳадии «Гулистон» мулоқот карданд.

Тибци иттилоъи хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар музокирот раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, вазири корҳои дохилии мамлакат Рамазон Раҳимзода, фармондеҳи Нерӯҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд, раиси вилояти Ботканд Абдукарим Алимбаев ва сохторҳои низомии Қирғизистон иштирок доштанд.

Пас аз мулоқот чаҳор сарбози қирғизе, ки дар ҷараёни таҷовузи Қирғизистон ба хоки Тоҷикистон асир афтода буданд, ба ҷониби Қирғизистон баргардонида шуданд.

Гуфта мешавад, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаи таъмини субот дар минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро баррасӣ карда, барои риояи ҳатмиии оташбас таъкид намуданд.

“Бояд масъалаи таъмини амнияти сокинони наздисарҳадӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи хоса қарор дода шуда, минбаъд мушкилоти мавҷуда бо роҳи гуфтушунид ҳал гардад”, — таъкид шуд зимни мулоқот.

Зикр мегардад, ки аз ҷониби раисони КДАМ-и ду кишвар ҳамзамон протокол имзо гардид, ки тибқи он қувваҳои низомии иловагӣ ва техникаҳои ҳарбӣ ба маҳалли доимии худ баргардонида шуда, амнияти сокинон таъмин карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд Қирғизистон протоколро риоя намекунад ва нерӯҳоро аз марз танҳо замони вуруди комиссия ақаб мебарад. Ҳамин, ки комиссия аз минтақа хориҷ шуд, нерӯҳои низомиро дубора ба марз бармегардонад. 

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *