Муҳриддин ба Гутерриш далоили ҳамлаи Қирғизистонро ироа кард
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири хориҷаи Тоҷикистон ба Дабири кулли СММ дар бораи рӯйдодҳои ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон иттилоъи муфассал дода, далелҳо, аз ҷумла навор ва аксҳоеро, ки таҷовузи низомии Қирғизистонро собит мекунанд, тақдим кардааст.
Тибқи иттилоъи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон шоми 19 сентябр дар ҳошияи «Ҳафтаи сатҳи баланд»-и иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо дабири кулли СММ Антониу Гутерриш доир гардид.
Вазири корҳои хориҷии кишвар таъкид кард, ки Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ташаббускори ҳалли низомии масъалаи марз бо Қирғизистон набуд ва ҳамеша ба равиши сиёсиву дипломатӣ пойбанд мебошад.
Инчунин дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид, бавежа дар самти рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, тағйирёбии иқлим ва обу энергетика мубодилаи афкор намуданд.
Мусоҳибон ҳамчунин масъалаҳои амнияти минтақа, бахусус вазъи Афғонистонро баррасӣ карда, доир ба чораҳои андешидаи Тоҷикистон дар самти расонидани кумакҳои башардӯстона табодули афкор намуданд.
Дабири кулли СММ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон истиқбол намуда, баҳри ҳамкории фарогир омодагии Созмонро иброз кард.