Интиқоли пул ба хориҷа аз Русия аз аввали сол 400% афзоиш ёфтааст.
Нашрияи «Известия» бо такя ба созмонҳои бузурги бонкӣ дар ин бора хабар дода навиштааст, ки дар муқоиса бо соли 2021 афзоиши шумораи муомилот асосан дар кишварҳои ҳамсоя афзоиш ёфтааст. Аммо маблағи дақиқи онҳо гуфта нашудааст.
Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Арманистон, Гурҷистон, Қирғизистон ва Молдова ҳамчунон самтҳои асосии интиқоли пул боқӣ мондаанд.
Илова бар ин, дар рӯйхати кишварҳое, ки маблағҳо фаъолона фиристода шудаанд, Қазоқистон ва Беларус будаанд.
Коршиносон мутмаинанд, ки аксари интиқолҳоро муҳоҷироне анҷом медиҳанд, ки дар Федератсияи Русия кор мекунанд ва ба хонаҳояшон ба наздикони худ пул мефиристанд.
Гуфта мешавад, ки аз аввали сол бонкҳои Русия тадбирҳои мухталиф андешидаанд, то ниҳодҳои бонкӣ ба мушкилот дучор нашаванд ва таҳримҳо ба интиқоли хориҷӣ таъсир нагузоранд.
Ҳоло маъмултарин хидматрасонӣ дар байни муштариёни бонкҳои Русия интиқол ба кортҳои муассисаҳои молиявии хориҷӣ мебошад.