Раисҷумҳури Русия Владимир Путин субҳи имрӯз дар як муроҷиат ба мардумаш, ки тариқи телевизионҳои давлатии ин кишвар пахш шуд, басиҷи (мобилизатсия) низомӣ эълон кард. Ин басиҷ ҳанӯз умумӣ нест ва нисбӣ буда, танҳо онҳоеро шомил хоҳад кард, сарбози эҳтиётӣ маҳсуб мешаванд, яъне қаблан хидмати аскарӣ кардаанд. Ба ҳазорон тоҷике ҳам, ки шаҳрвандии Русияро доранд ин басиҷ таҳдид мекунад.
Дар муроҷиатномааш Путин гуфт ҳадаф аз басиҷи низомӣ ҳимояи Русия аз дахолати Ғарб ва озодсозии ду ҷумҳурии худзондаи Донетск ва Луганск аст.
Ҳамчунин Думаи Русия бо ташдиди муҷозоти сарбозони саркаҳ ва фирорӣ аз ҷанг мувофиқат кард Аксарияти аъзои Думаи давлати Русия рӯзи сешанбе қонунеро бо ҳадафи “афзоиши ҳамбастагӣ дар артиш” тасвиб кард, ки ба мӯҷиби он муҷозоти сарбозон саркаҳ сахттар мешавад.
Бар пояи ислоҳоте, ки Маҷлиси Русия тасвиб кард, муҷозоти адами итоат аз дастурот, фирор аз хидмат ё таслим шудан ба душман сахттар шудааст. Ба тавре, ки бар асоси ин ислоҳия, ҳабси тарки ягони низомӣ дар даврони ҷанг аз 5 ба 10 сол афзоиш ёфтааст.
Ҳамчунин сарбозоне, ки довталабона таслими душман шаванд бо муҷозот то 10 сол зиндон мувоҷеҳ хоҳанд шуд ва афроде, ки аз рафтан ба ҷанг ё пайравӣ аз дастури муфаввақи худ дар даврони ҷанг худдорӣ кунанд бо муҷозот то 10 соли ҳабс мувоҷеҳ хоҳанд шуд.
Албатта ин ислоҳия пас аз тасвиби Сенат Русия ва имзои Владимир Путин, раисҷумҳурӣ, ба қонун бадал мешавад, аммо аз эълони басиқ метавон хулоса кард, ки ин қонун қабул хоҳад шуд.
Тасвиби қонуни ҷадид метавонад шоҳиде бар сиҳати гузоришҳои мунташиршуда дар мавриди саркашии бархе аз сарбозони русӣ аз ширкат дар ҷанги Укроин бошад.
Садҳо ҳазор мардони тоҷик ҳоло шаҳрвандони Русия ҳастанд ва имкони ҷалби онҳое аз тоҷикон, ки қаблан хидмати аскарӣ кардааанд, хеле зиёд аст. Коршиносон мегӯянд мақомоти рус барои поин нигоҳ доштани сатҳи эътироз байни мардуми бумӣ шумори бештари аскаронро аз ҳисоби ақвоми дигар хоҳанд гирифт. Ҳамон гуан, ки то имрӯз аз мардуми Қафқоз ва бурятҳо истифода мебарад.