Рубрики Хабарҳо

Ҳазфи забони форсӣ аз бахшҳои мухталифи раёсати маорифи Ҳирот

Расонаҳои Афғонистон бо истинод ба манобеъи маҳаллиашон дар вилояти Ҳирот менависанд Толибон ба раванди поксозии забони форсӣ аз тоблуҳои идороти давлатӣ идома додаанд. 

Манобеъ мегӯянд Толибон тоблуҳои қадимиро аз шӯъбаҳои раёсати маорифи вилояти Ҳирот бардошта ва тоблуҳои тозаеро танҳо ба забони пашту дар ин шӯъбаҳо насб кардаанд. 

Забони аксарияти мардуми Ҳирот ва манотиқи атрофи он, форсӣ аст. 

Толибон дар як соли гузашта ба таври густурда ба поксозии забони форсӣ аз тоблуҳои давлатӣ дар Кобул ва вилоятҳои Афғонистон даст задаанд. 

Чанд рӯзи пеш мақомҳои идораи сиҳати Толибон дар Ҳирот, забони форсиро аз тоблуи шифохонаи 650 бистарии ин шаҳри форсизабон ҳазф кардаанд. 

Ин тоблу пеш аз ин ба забони форсӣ буд, аммо акнун фақат ба пашту ва англисӣ навишта шудааст. 

Ҳазфи забони форсӣ аз ин тоблу вокунишҳои густурдае дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт ва раиси иттилоот ва фарҳанги Толибон дар вилояти Ҳиротро водор ба посухгӯйӣ кард. 

Наим Алҳақ Ҳаққонӣ ба расонаҳо гуфт, ки ин тоблу, тоблуи бахши оҷил аст ва ваъда дод, ки тоблуи аслӣ ба забони форсӣ хоҳад буд. 

Бо ин ҳол рӯзи гузашта гузорошҳои дар расонаҳо мунташир шуд, ки нишон медод Толибон забони форсиро аз тоблуи сохтмони ҷадиди донишгоҳи Балх ҳазф кардаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *