Рубрики Хабарҳо

Осебшиносии муноқишаҳои ахири марзӣ

Муноқишаҳои марзӣ дар солҳои ахир барои мо ба як масъалаи ҷиддӣ ва пурқурбонӣ табдил шудаанд. Мутаассифона дар ин муноқишаҳо аксаран талафоти мо бештар аз талафоти тарафи қирғиз будааст. Агарчӣ мардуми мо дар ҳимоят аз марзу буми хеш бештарин нақшро доранд, аммо ба назару андеша ва хоҳиши онҳо аз тарафи ҳукумат камтарин таваҷӯҳе намешавад. 

 Албатта ин вазифаи имониву инсониву шаҳрвандии ҳар як тоҷику тоҷикистонист, ки аз марзу буми худ ҳимоят кунад ва дар лаҳзаҳои сахттарин дар канори миллат ва сарбозони қаҳрамонамон биистад. Аммо дар канори ин нуктаҳое ҳастанд, ки бояд ба онҳо таваҷҷӯҳ кунем. Ба хусус пас аз низоъи охир мо наметавонем ба руи ин нукот чашм пушем. 

Ҳавопаймоҳои бесарнишини тоҷикӣ, эронӣ, туркӣ ё чинӣ? 

Дар ҷаҳони муосир технологияҳои пешрафта ва неруҳои касбии омӯзишдида таъйинкунанда ҳастанд ва метавонанд баранда ва ё бозандаи ҷангро мушаххас кунанд. Бо эҳсосоту дасти холӣ наметавон муваффақ шуд. Инро дар соатҳои охир замони истифодаи қирғизҳо аз ҳавопаймои бесарнишин шоҳид будем, ки боиси талафоти зиёд шуд. Аммо бо вуҷуди иддаоҳои зиёди мақомоти Тоҷикистон мо мебинем, ки ё чизе надоранд ё ҳадди ақал аз ончи доранд истифода карда наметавонанд. Вагарна набояд бо ҷони мардум чунин бозӣ кард ва онҳоро бо яроқҳои сабук ба муқобили пешрафтатарин ва навтарин аслиҳаҳо фиристод. Пас савол ба вуҷуд меояд, ки оё артиши мо воқеан ҷавобгӯи шароити мавҷуд ҳаст? Пас куҷо ҳастанд он ҳавопаймоҳои сохташуда тавассути академияи илмҳо ва ё ҳавопаймоҳои ироние, ки дар ҳамаҷо ҳарфашро мезадед? Оё он ҳавопаймоҳо аз ҷони мардум муҳимтаранд?

Генералҳои беҳисоб ва бенишон

Ҳимоят аз марзу бум ва ҷони шаҳрвандони кишвар бар асоси сарқонун вазифаи Вазорати дифоъ ва КДАМ аст ва барои ин будҷаи калоне ҳам ҷудо шудааст. Мо намегӯем, ки мардум аз Ватани худ дифоъ накунанд, мардуми мо нишон додаанд, ки барои ҳимоят аз Ватанашон омодаанд ҷонашонро фидо кунанд, аммо чаро неруҳои қудратии мо дуруст ба вазифаи худашон амал намекунанд? Дар ҳоле, ки бояд дар марзҳои кишвар неруҳои артиш мустақар бошад ва дар сурати зарурат мардум ба ҳимоят фаро хонда шаванд. Генералҳои бешуморе, ки аз ҳисоби мардум маош мегиранду дабдабаву воҳима мекунанд куҷоянд? Худи ҳамин моҳ ба 13 нафар рутбаи генералӣ дода шуд, ин рутбаҳо барои чӣ ҳастанд? Чаро онҳоро дар нуқтаҳои доғ ва дар мушкилот дар канори мардум намебинем? Аммо мо шоҳиди онем, ки дар ин даргириҳо шаҳрвандони ғайринизомии мо ё сарбозони бетаҷрибаи мо бештар қурбон мешаванд. 

Агар неруҳои касбиву омӯзишдида дорем, дар чунин шароит онҳоро дар марказ ва дур аз  марз нигоҳ доштан чӣ маъно дорад? Оё вақти он нарасидааст, ки ин сохторҳо масъулияти худашонро ба дурустӣ анҷом диҳанд ва дар ҳолатҳои душвор дар сафи пеш бошанду аз марзҳо ва ҷони мардум ҳимоят кунанд? Будҷаи вазорати дифоъ ва қушунҳои сарҳадӣ то имрӯз дар куҷо масраф шудаву куҷо ҳастанд он техникаву неруҳои касбии омӯзишдидаи ин ниҳодҳо? 

Оё вақти он нарасидааст, ки ин ҳама генералҳои бешумори бемасраф ҳадди ақал аз ин фурсат барои ҳамвортар кардани ишкамҳояшон истифода кунанду чанд рузаке бо мардум бошанд?

 Сукути мармузи КДАМ ва вазорати дифоъ

Чаро КДАМ, вазорати дифоъ ва дигар ниҳодҳои масъул ҳангоми сар задани низоъ ба мардум иттилоърасонӣ намекунанд? Чаро иҷозати расонаӣ кардани масоили марзиро ба мардум намедиҳанд? Чаро ҳамеша дар ҷанги иттилоотӣ бозанда ҳастанд? Оё вақти он нарасидааст, ки ин мақомот дар назди мардум гузориш диҳанда бошанд ва ҷомеа ҳам аз онҳо талаб кунад, ки ҷавоб гӯянд? Ин беэҳтиромӣ ва нописандӣ ба мардуми кишвар то кай бояд идома кунад? То замоне, ки ин неруҳо дар назди мардум ҷавобгӯ набошанд ҳамин ош асту ҳамин коса.   

Чаро Тоҷикистон ҳамеша дар ҷанги иттилоотӣ бозанда аст? 

Мебинем, ки фишори КДАМ ва неруҳои қудратӣ болои хабарнигорон ва расонаҳо ва таҳдиди онҳо имрӯз бузургтарин зарбаро ба бадани худи ҳукумат задаистодааст. Оё шумо ҷои холии Далеру Ғурбативу Завқибек барин ҷавонмардонро дар ин рӯзҳо эҳсос накардед? 

Медонед чаро қирғизҳо дар ҷанги иттилоотӣ баранда ҳастанд? Хабарнигорони мо хуб медонанд. Зеро Қирғизистон ба як ҷазираи озодӣ дар ОМ табдил шудаву бештарин марказҳои журналистии байналмилалӣ дар онҷо дафтар доранд ва хабарҳоро аз манобеъи қирғиз ба осонӣ дастарас мекунанд. Чандин марказҳои таҳлиливу расонаӣ дар ин кишвар фаъолият доранд.  Журналистикаи тоҷик имрӯз мутаассифона фалаҷ гаштааст. Онро фақат фазои бозу озод метавонад дубора ҷони тоза бахшад. Пас оё вақти он нарасидааст, ки озодиро ба ин қишри воқеан ҳам муҳим ва асосии ҷомеа баргардонем? 

Бо вуҷуди онки аксарияти мардуми кишвар аз мавқеъи артиш ва сарбозони мо ҳимоят карданд, аммо нукоте ҳам вуҷуд дошт, ки мардум аз онҳо нигаронӣ доштанд. Бархеҳо онро як низоъи идорашаванда аз тарафи раҳбарони ҳарду кишвар медонистанд. Назаре, ки дар байни мардуми ҳарду тарафи даргирӣ ҳам вуҷуд дошт. Аммо мо ба ончи марбут ба тарафи Тоҷикистон мешавад, мепардозем, ки чунин ҳастанд. 

Ин ҳодиса як низоъи идорашаванда ба хотири ба дигар тараф кашондани зеҳни мардум аз қазияи Бадахшон ва камранг кардани саркуби мардуми Бадахшон аст.

Ин низоъи идорашаванда ба хотири муҳим нишон додани вуҷуди чанд шахс дар раъси вазоратҳои қудратӣ ва ҳифзи онҳо дар вазифаҳояшон аст.

Ин низоъи идорашаванда ба хотири пешгирӣ аз интиқоли қудрат ба Рустами Эмомалӣ аст ва бархе фарзияҳои дигар, ки дар байни мардум вуҷуд доранд ва хоҳу нохоҳ бояд ба онҳо низ таваҷҷӯҳ кард, зеро наметавон онҳоро нодида гирифту чашмҳоро бо гушҳо пушонд. 

Уммати исломӣ ё миллати мусалмони тоҷик?

Тоҷикон зотан мардуми мазҳабӣ ва диндӯст ҳастанд. рақибон ҳамеша аз ин вижагии тоҷик ба таври густарда суистифода кардаанд. Онҳо бо матраҳ кардани масъалаи “уммати исломӣ” тоҷикро амалан халъи силоҳ кардаанд ва ҳамеша дар тули таърих бо ин шиори динӣ тоҷикро водор ба гузашт кардаанд. Яъне онҳо барои тоҷик шиори “Умати исломиро” матраҳ мекунанд, вале барои худ “миллати фалонро” ва бо ҳамин роҳ аз эҳсоси баланди динии мардуми мо суистифода кардаанд. То ҳадде, ки тоҷикон сарзаминҳои ҳосилхезро ба дигарон вогузор кардаву худ дар кӯҳҳо ҷой гирифтаанд. Аз ин пас тоҷик бояд донад, ки дифоъ аз Ватану марзу бумаш дар баробари ҳар касе, ки набошад вазифаи имониву диниаш аст. Бояд бидонад, ки ҳимоят аз миллати тоҷик ҳам ҳимоят аз дину имону ақидааш аст. Албатта ва сад албатта ин ба маънои таарруз ва ҳамла болои касе нест.  

Сиёсати саркуб ва ваҳдати миллӣ

Ҳодисаҳои марз як бори дигар нишон дод, ки ҳукумати мо ниёз ба як тағйири куллӣ дар сиёсатгузорӣ дорад. Агар як бор ба ҳаводиси марз нигоҳ кунем, шоҳиди он мешавем, ки дар аксари маворид ҳодисаҳои марзӣ пас аз як мушкили дохилӣ рух медиҳад. Масалан ҳамлаи охири қирғизҳо пас аз саркуби мардуми Бадахшон рух дод. Чуноне, ки пас аз боздошти хабарнигорон ҳам мушкилоте дар марз ба вуҷуд омада буд. 

Аз тарафи дигар имрӯзҳо шоҳиди он ҳастем, ки ҳукумат ҳатто ба размандаҳои собиқи мухолифин, ки замоне зиндонӣ буданду озод шудаанд руй овардаасту аз онҳо барои ҳимояи марз кумак мехоҳад. Дуруст, ки ин вазифаи ҳамаи миллат аст, аммо бо сиёсати саркубу тафриқаафканӣ наметавон дар сиёсати хориҷӣ ва ба хусус дар баробари душмани хориҷӣ муваффақ шуд. Ҳоло  агар дар ин ҳукумат хирадмандоне боқӣ монда бошанд, ин таҳдидро ба фурсат табдил медиҳанд ва тамоми ҷавонони ғаюри бадахшиву хабарнигорони ватандӯсту зиндониёни сиёсии миллатдӯстро озод мекунанд ва даст аз саркуби мардум бармедоранд.  

Фасод (коррупсия) таъйинкунандаи шикасту пирузӣ

Ҳар гурӯҳе, ки фасод дар он ниҳодина шуда бошад шикасти он ҳатмист. Мо натиҷаи фасоди ниҳодинашударо дар артиши русия дидем, ки ин кишвари абарқудратро ба куҷо овард. Дидем, ки будҷаи милиардии онро генералҳо обулой кардаву артиши як замон қудратмандро ба як матарсак (чучела) табдил доданд, ки дар натиҷа дар ҷанги Украина парда аз руи он бардошта шуд. Бо камоли таассуф бояд бигӯям, ки фасод сар то пои ин ҳукуматро фаро гирифтаву боз ҳам бархе аз ин генералхешовандон тибқи одат даст ба фасод хоҳанд заду шояд ин бор ба хотири пиронсолиашон боз мавриди лутфи Кадхудо қарор гиранд. Аммо ҳамин амалҳо боиси шикасти кишвари мо хоҳанд шуд. 

 Ба назари ман бадтарин душмани миллату кишвари мо дар муқобила бо қирғизҳо боз ҳам ҳамин фасоди ниҳодинашуда хоҳад буд. Метарсам, ки ҷони сарбозонамон боз ба манбаи тиҷорати бархе инҳо табдил нашавад. Зеро аз боло то поин ҳатто то мактабу боғчаи кудакон фасод ниҳодина шудаву ба як амри табиӣ табдил ёфтааст. Пас пеш аз ҳар чизе бояд ба ин тарафи масала низ таваҷҷӯҳ кард. 

Хулоса

Барои ҳифзи ҳар ҳукумате мардуми он нақши муҳим ва асосӣ доранд. Агар мехоҳед ин Ватану миллатро ҳифз кунед, бо ин мардум ҳамдардӣ кунед. Қадри ин мардумро бидонед. Ҳар як сарбозе, ки дар ҳимоят аз Ватанаш ҷон медиҳад, дар воқеъ умри ҳукумати бе ҳикмати шуморо дароз мекунад. Наход, ки он арзиши як ҳамдардиву таслиятро надошта бошад? Чаро барои инқадар ҷонбохтагон мотами миллӣ эълон накардед? Чаро ба пешниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ гуш кардан намехоҳед? 

 Боз ҳам таъкид мекунам, ки ҳоло вақти он аст, ки ин таҳдидро ба фурсат табдил диҳед. Аз мардум дилҷӯӣ кунед ва ба ҳарфи ҷомеаи шаҳрвандӣ гӯш диҳед, хостаҳои мардумро бароварда кунед ва дар назди мардум гузориш диҳед. Шумо бо мардум тавре муносиба мекунед, ки гӯё аз кадом сайёраи дигар омадаанду шумо ҳама коррро аз онҳо бояд пинҳонӣ анҷом диҳед. Аммо ингуна муносибат беэътимодиву сардаргумиро дар ҷомеа бештар мекунад. Пас ҳоло вақт доред, ки ин таҳдидро ба фурсат табдил кунед. 

Бобоҷон Қаюмзод

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *