Лойдд Остин, вазири дифоъи Иёлоти муттаҳида мегӯяд ба Эрон тавсия мекунад, ки ба Русия паҳпод надиҳад.
Остин, ки рӯзи чаҳоршанбе, 20 июл дар нишасти хабарии муштарак бо Марк Мили, раиси ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Амрико ҳозир шуда буд, дар посух ба пурсиши хабарнигоре дар хусуси қасди Эрон барои фурӯши паҳпод ба Русия, таъкид кард, ки Вашингтон ба Теҳрон тавсия мекунад чунин кореро анҷом надиҳад. Остин ҳамчунин изофа кард, ки ин кор “идеяи бад” хоҳад буд.
Марк Мили ҳам дар ин нишаст изҳор дошт, ки ирсоли силоҳ ва таслиҳоти низомӣ аз сӯи Эрон барои Русия иқдоми хубе нахоҳад буд. На Остин ва на Мили мушаххас накарданд, ки агар Эрон паҳподҳоро ба Русия мунтақил кунад, Иёлоти муттаҳида дар посух чӣ вокунише нишон хоҳад дод.
Кохи Сафед ҳафтаи пеш эълом карда буд, ки Эрон қасд дорад ба зудӣ чандсад паҳпод бо қобилияти ҳамли силоҳ ба Русия таҳвил диҳад. Иқдоме, ки Вашингтон анҷом онроро маҳкум карда буд.
Ҳамзамон Роберт Молли, намояндаи вижаи Амрико дар умури Эрон дар ҳисоби твиттери худ эълом кард, ки Эрон бояд байни вобастагӣ ба Русия ва ё бозгашт ба Барҷом якеро интихоб кунад. Молли дар твитте дар ин робита навишт: “ман фикр мекунам ин ки Эрон алъон дар мавқеияте қарор гирифта, ки мехоҳад бар хилофи мавзеъи бетарафонаи қаблиаш дар даргирии Русия ва Укроин ба Русия паҳпод бифурӯшад, худ гӯёи масоили зиёде бошад… Эрон акнун як интихоб дорад: Ё вобастагии нисбӣ ба Русияро интихоб кунад ва фурсати иқтисодии маҳдуде дар ихтиёр дошта бошад ва ё метавонад интихоб кунад, ки ба Барҷом бозгардад ва равобити иқтисодии одитаре бо ҳамсоягони худ, Аврупо ва бақияи ҷаҳон дошта бошад.”
Иттиҳоми таҳвили паҳпод аз сӯи Эрон ба Русия то кунун аз сӯи мақомҳои Ҷумҳурии исломӣ рад шудааст. Носир Канъонӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон, дар нишасти хабарии ҳафтагии худ ин мавзӯъро “иттиҳомоти беасос” хонд ва таъкид кард, ки Эрон барномае барои таҳвили паҳпод ба Русия надорад.
Ин танишҳо дар ҳоле авҷ гирифта, ки музокироти ҳастаӣ барои эҳёи Барҷом чандин моҳ аст, ки дар бунбаст қарор гирифта ва тарафайн моҳи гузашта пас аз муддатҳо танаффус бори дигар дар Доха бо миёнҷигарии Аврупо бо якдигар музокира карданд. Бо ин ҳол гуфтугӯҳои Доха ҳам натавонист фосилаи Эрон ва Амрикоро пур кунад ва музокирот бидуни натиҷа ба поён расид.
Аз сӯи дигар Ҷо Байден пас аз сафари худ ба Арабистон ва Исроил таъкид кард, ки Вашингтон то абад мунтазири Эрон боқӣ нахоҳад монд ва Эрон бояд ба зудӣ дар хусуси ояндаи Барҷом тасмим бигирад. Ин дар ҳолист, ки бархе аз мақомҳо дар Теҳрон бар ин боваранд то замоне, ки Иёлоти муттаҳида кафолатҳо ва имтиёзоти мадди назари Ҷумҳури исломиро ироа накунад, Эрон ҳам бояд аз имзои тавофуқ барои эҳёи Барҷом иҷтиноб варзад.