Categories Хабарҳо

Русия фурӯши нафтро ба кишварҳое, ки сақфи қимат таъйин кардаанд мамнӯъ мекунад

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия рӯзи сешанбе фармонеро имзо кард, ки бар асоси он фурӯши нафт ба кишварҳое, ки барои қимати нафти Русия сақф таъйин мекунанд мамнуъ мешавад. 

Кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо, Гурӯҳи ҳафт ба ҳамроҳи Австралия авоили моҳи декабр сақфи қимати ҳар бушкаи нафти Русияро 60 доллар таъйин карда буданд. 

Дар бахше аз фармоне, ки ба имзои раисҷумҳури Русия расида омадааст: “таҳвили нафт ва фаровардаи нафтии Русия ба шахсиятҳои ҳақиқии хориҷӣ ва ашхоси дигар дар сурате, ки сақфи қимат таъйин карда бошанд мамнӯъ аст.” 

Давраи маҳдудияти вазъшуда аз тарафи Маскав панҷ моҳ яъне аз рӯзи аввали феврал то рӯзи аввали июли соли 2023 хоҳад буд. Бино ба фармони содиршуда танҳо ба тасмими шахсии Владимир Путин имкони дар назар гирифтани истисно дар фурӯши нафт ба як ё чанд кишваре, ки сақфи қимат барои нафти Русия таъйин кардаанд вуҷуд хоҳад дошт. 

27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо, аъзои Гурӯҳи ҳафт ва Австралия бо таъйини сақфи қимати 60 долларӣ барои ҳар бушкаи нафти Русия дар назар доранд то ин кишварро ҳамзамон бо идомаи ҷанги Укроин аз касби даромади бештар аз роҳи фурӯши нафт маҳрум кунанд. 

Таҳлилгарон бар ин бовар ҳастанд, ки таъйини сақфи қимат барои хариди нафт аз Русия бо таваҷҷуҳ ба қимати кунунии нафти ин кишвар (ҳудуди 65 доллар барои ҳар бушка) таъсири иқтисодии маҳдуде барои Маскав хоҳад дошт. Дар ҳамин росто Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин аз “мавзеъгирии заиф”-и кишварҳои ғарбӣ дар баробари Русия интиқод карда буд. 

Раисҷумҳури Русия рӯзи 9 декабр таҳдид карда буд, ки Маскав “дар сурати ниёз” сатҳи тавлиди нафти худро “коҳиш” хоҳад дод.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *