Рубрики Хабарҳо

Густариши доманаи эътирозҳо дар Эрон ва афзоиши шумори куштагон ба 8 нафар

Шумори кушташудагон дар ҷараёни эътирозот ба ҷон бохтани Маҳсо Аминӣ ба 8 нафар расид ва раванди боздошти фаъолон ва шаҳрвандон дар шаҳрҳои курднишин ҳамчунон идома дорад. Бо баргузории таҷаммӯъ дар чанд шаҳр, эътирозот вориди шашумин рӯз худ шуд. 

Бар асоси тасовире ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шудаанд, чаҳоршанбе 20 сентябр мардум дар шаҳрҳои Арумия ва Сардашт дар эътироз ба марги Маҳсо Аминӣ ба хиёбон омадаанд. 

Як шоҳиди айнӣ дар шаҳри Сардашт дар гуфтугӯ бо Дойчавелаи форсӣ гуфтааст: “Алорағми ҳузури сангини нерӯҳои амниятӣ, мардуми Сардашт барои маҳкум кардани сиёсатҳои зидди зани Ҷумҳури Исломӣ ба хиёбон омадаанд. Мардуми шиори “марг бар диктатор” ва “зан, зиндагӣ, озодӣ” сар медиҳанд.” 

Ҳамчунин даҳҳо тан аз шаҳрвандони Арумия баъд аз баргузории маросими хоксупории Фараҷод Дарвешӣ, навҷавони 16 солаи ки рӯзи сешанбе ва дар ҷараёни эътирозот кушта шуда, ба хиёбон омада ва шиорҳои дар зиддият бо Ҷумҳурии Исломӣ сар доданд. 

Хабарҳо ҳокӣ аз тадовуми эътирозот дар Теҳрон ва Ардабил, Исломободи Ғарб, Исломшаҳр, Серҷон, Амол, Зоҳидон, Работи карим, Суманон ва Шаҳри Қудс ҳастанд. 

Субҳи чаҳоршанбе ҳам чанд донишгоҳ дар шаҳрҳои мухталифи Эрон, саҳнаи баргузории эътирозот буд. Дар бархе аз донишгоҳҳо донишҷуён ҳиҷоби худро бардоштанд. 

Афзоиши шумори кушташудагон ба 8 нафар 

Ба гузориши “шабкаи ҳуқуқи башари Курдистон”, дар ҷараёни эътирозоти сешанбе 19 сентябр дар шаҳри Кирмоншоҳ як зани 55 сола ба номи Мино Маҷидӣ бо шиллики нерӯҳои зидди шуриш дар хиёбони Навбаҳори ин шаҳр кушта шудааст. 

Шаҳром Каримӣ додситони Кирмоншоҳ кушта шудани ду тан аз мӯътаризонро таъйид карда ва ҳамчунин аз захмӣ шудани 25 тан аз “муътаризон ва нерӯҳои амниятӣ” хабар дода аст. 

Ба ин тартиб шумори кушташудагони эътирозоти ахир дар шаҳрҳои мухталифи Эрон ба 8 нафар расид ки ҳамагӣ онҳо шаҳрвандони курд ҳастанд. 

Идомаи раванди боздоштҳо, бародарон Курдпур боздошт шуданд 

Нерӯҳои амниятии Ҷумҳурии Исломӣ камокон ба боздошти кунишгарон ва шаҳрвандони курд идома медиҳанд. 

Бахтиёр Хушном, сухангӯи ожонси хабарии “Мукриян” дар гуфтугӯ бо Дойчавелаи форсӣ таъйид кардааст ки Масъуд ва Хусрав Курдпур аз мудирони ин ожонс ва аз рӯзноманигорони шинохташуда дар Курдистон боздошт шудаанд. 

Хушном дар ин бора гуфтааст: “сешанбе Хусрав Курдпур аз хона хориҷ шуда ва дигар бознагашта аст. Ҳамчунин соати 11 шаби гузашта нерӯҳои иттилооти сипоҳ бо шуриш ба хонаи Масъуд Курдпур дар Бокан ӯро боздошт карда ва васоили шахсиашро бо худ бурдаанд.” 

Рабин Раҳмонӣ сухангӯи шабакаи ҳуқуқи башари Курдистон, дар бораи боздоштҳои ахир гуфтааст: “то кунун бештар аз 250 нафар дар шаҳрҳои мухталиф боздошт шудаанд. Нерӯҳои горди вижа, бо ҳамроҳӣ нерӯҳои вазорати иттилоот ва иттилооти Сипоҳ, бидуни ироаи ҳукми додгоҳ ва роҳҳои ғайриқонунӣ ин боздоштҳоро анҷом додаанд.” 

Ба гуфти Раҳмонӣ бисёре аз хонаводаҳо аз сарнавишт ва маҳалли нигаҳдорӣ ва боздошти аъзои хонаводаи худ хабар надоранд. 

Нуктаи қобили таваҷҷуҳ дар мавриди боздоштҳои ахири шаҳрҳои курднишин шумори чашмгири боздоштишудаҳо зан ҳастанд. 

Додситони Кирмоншоҳ: “муътаризон бо аслиҳаҳои ғайрисозмонӣ кушта шудаанд” 

Шаҳром Каримӣ, додситони Кирмоншоҳ дар вокуниш ба хабари кушта шудани ду тан дар ҷараёни эътирозоти 19 сентябр ба расонаҳо гуфтааст: “мутмаин ҳастем ин иттифоқ тавассути авомили зидди инқилоб рух дода чаро ки ин афрод бо силоҳҳои ғайрисозмонӣ ҳадаф қарор гирифтаанд.” 

Гуфтаҳои Шаҳром Каримӣ дар ҳолест ки расонаҳои ҳуқуқи башарӣ аз кушта шудани мӯътаризон тавассути нерӯҳои амниятии Ҷумҳурии Исломӣ хабар медиҳанд. Ҳамчунин тасовири зиёде аз эътирозоти Кирмоншоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шудааст ки дар онҳо маъмурони горди вижа ва либоси шахсӣ дар ҳоли тирандозӣ ва зарб ва шатми мӯътаризон дида мешаванд. 

Пештар устондори Курдистон ҳам дар вокуниш ба кушта шудани мӯътаризон дар ин устон гуфта буд ки “кушташудагон бо аслиҳаи созмонӣ ҳадаф қарор нагирифтаанд.” 

Ӯ ҳамчунин хонаводаи Маҳисо Аминиро таҳдид карда буд ки “роҳи худро аз зидди инқилоб ҷудо кунанд”. 

Устондори Теҳрон: 1800 нафар аз таҷаммӯъкунандагони собиқадор ҳастанд 

Як рӯз пас аз он ки хабаргузории Форс теъдоди таҷаммӯъкунандагони Теҳронро 200 то 300 нафар унвон кард, Мӯҳсин Мансурӣ, устондори Теҳрон гуфт: “ҳудуди 1800 нафар аз афроде, ки ҳозир дар таҷаммӯъоти душанбешаби Теҳрон, собиқаи ҳузур дар таҷаммӯъот ва баъзан даргириҳои қаблиро доранд.” 

Устондори Теҳрон афзудааст: “аз ин теъдод ҳудуди 700 нафар дорои собиқаи қобили таваҷҷуҳ ва парванда дар дастгоҳҳои мухталифи интизомӣ, амниятӣ ва қазоӣ ҳастанд.” 

Устондори Теҳрон равшан накарда, ки ин теъдод аз мӯътаризон чи гуна шиносоӣ шудаанд. Ў чизе дар бораи боздошти эҳтимолии тазоҳуркунандагон нагуфта аммо бархе аз фаъолон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз эҳтимоли дастгириҳои густурда ибрози нигаронӣ кардаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *