Дар Тоҷикистон мақомот овозаҳои ошкор шудани коронавирус дар кишваррро рад кард. Дафтари матбуотии Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълом кард, ки то имрӯз дар ҳудуди кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Дар иттилоияи ин ниҳод даъват шудааст, ки «ба ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғи вобаста ба сирояти коронавирус, ки гӯё дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, бовар накунанд».
Гуфта шудааст, ки то 23 марти соли равон сирояти коронавирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, аммо чораҳои пешгирикунандаи он рӯз то рӯз пурзӯр карда мешаванд.
Вазорат иттилоъ медиҳад, ки аз 1 феврал то 23 марти соли равон 5038 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд.
Аз ин шумора 1981 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 3057 нафарашон дар беморхонаҳои сироятии кишвар ба карантин фаро гирифта шудаанд.
«Дар миёни шаҳрвандони ба карантин фаро гирифташуда 107 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд».
Вазорат дар иттилоияи худ менависад, тамоми шароит ва имконоти мусоид дар маркази тиббӣ барои нафарони ба карантин фаро гирифташуда муҳайё гардидааст, нафароне, ки муваққатан дар ҷойҳои на он қадар хуб ба карантин фаро гирифта шуда буданд, ба маконҳои дорои шароит ва имконоти хуб интиқол дода шуданд.
Ёдовар мешавем, ки пеш аз иди Наврӯз аз манбаҳои гуногуни муътамад хабар шуда буд, ки дар Тоҷикистон натиҷаи ташхиси COVID-19 дар 6 нафар, аз ҷумла ду нафар хориҷӣ мусбат баромадааст ва инро мақомот пинҳон медорад.