Рубрики Хабарҳо

Алим Шерзамонов дар бораи дастовардҳои яксолаи ПМТ

Алим Шерзамонов муовини раиси Паймони миллии Тоҷикистон зимни баромадаш дар нишасти бахшида ба яксолагии ин эътилоф аз бурду бохти он дар як сол ҳарф зад.

Матни баромади Шерзамонов:

Имрӯз мо бо шумо пас аз як соли имзои расмии эътилофи нерӯҳои мухолифини тоҷик – Паймони Милии Тоҷикистон ки як соле пеш дар ҳамин чо дар 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қарор дорем.

Ва имрӯз расо чор сол аз ба ном ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода сипари мегардад, ки дар паи он аз тарафи режим ба таври бесобиқа бо иборае фишангҳо тоб дода шуданд ва инак боз мухолифини тоҷик маҷбур ба муҳоҷирати навбатӣ шуданд. Дар натиҷа дар тӯли чор сол ҳукумат амалан ҷомеъаи шаҳрвандиро ки акнун нав пас аз ба итмом расидани ҷанги шаҳрвандӣ қомат рост мекард, аз сари нав комилан саркӯб кард, кисми асосии онро паси панчара бурд ва кисмати кӯчаки он маҷбур ба фирор аз Ватан шуданд ва як қисми дигар онро ҳанӯз аз рӯзи ба имзо расидани созишномаи сулҳ ва ба Ватан баргаштани мухолифин бо ҳар баҳонае қатли ом кард.

Соли гузашта дар расми ифтитоҳи Паймон бародарамон Темур дар суханрониаш як воқеиятро қайд карда буд, ки манзураш чунин буд: «Ин эътилоф на имрӯз таъсис ёфт ва нафароне, ки инҷо ҷамъ шудаанд, меросбарони истиқлолхоҳони тоҷики солҳои 90-и асри гузашта мебошанд, ки низ як эътилоферо таъсис дода буданд, ки дар ниҳояти кор ба қабули Эъломияи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳияи лоиҳаи нишон ва парчами Тоҷикистон, ки баъдтар дар сессияи нангини 16-уми ШО онҳое, ки бар зидди истиқлолияти давлатӣ муборизаи мусаллаҳона мебурданд, бо тағйироти андаке ин нишон ва парчами давлати тозабунёдро қабул карданд.

Минбаъд ин туда, ки акнун ба захираҳои бесоҳибмондаи миллат дастрасӣ пайдо карданд, дарк карданд, истиқлолият он қадар бад ҳам набудаст ва акнун метавонанд «соҳибихтиёр», бе ҳарос аз марказ ва бо ҳаросафкании мардуми худ роҳат онро ғасб кунанд. Акнун дар қатори дигар дороиҳои миллат мафҳумҳои муқаддасеро ба монанди Истиқлолият, миллат, ватан, давлат соҳиб шуданд. Воқеъан имрӯз ҷиноҳе, ки баҳри истиқлолияти давлатӣ мубориза мебурд, аксарашон кушта ё зиндонӣ шудаанд ва ё аз ватан фирор кардаанд ва як қисмати кӯчаки ин мардум ҳанӯз ҳам фаъол боқӣ мондаанд ва боз қисмати кӯчактари он порсол дар ҳамин шаҳр эътилоферо бо номи ПМТ таъсис додем ва умедворем, ки ҳамакаса шароитеро ба вуҷуд меорем, ки тамоми озодихоҳон, ки такрор мекунам ҳамаашон низ меросбарони он бузургони мо ки дар солхои 90 и асри гузашта тавонистанд ибтидо бар қабули қонуни забони давлати пофишорӣ карда, муваффақ шаванд ва дар ниҳояти кор ба истиқлолияти давлати моро расонданд, ба ҳам оем.

Мо имруз ҳақ надорем нисбати қурбониҳои онҳо, ки то кунун қисмате аз эшон дар зиндонхои режим ҳанӯз ҳам қурбонӣ медиҳанд, беэътино бошем ва нагузорем, ки ин режим боқимонда нухбагони миллатро аз қабили Мамадали Ҳайит, Сайидумар Ҳусайнӣ, Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Зайд Саид, Бузургмеҳр Ёров, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, Раҳматуллоҳи Раҷаб ва садҳои дигарро қурбон кунанд.

Акнун бо иҷозаи шумо тӯли чанд дақиқа аз бурду бохти ПМТ дар тӯли ин як соли фаъолияти он барои бародарон ва хоҳарони дар ин толор ҳузурдошта ва низ шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамин лаҳза бо мо дар пахши мустақим ҳамроҳ ҳастанд гузориши фишурдаеро пешкаши азизон мегардонам.

Аввалин иқдоме, ки ПМТ дар рӯзҳои аввалини таъсиёбиаш анҷом дод, ин хеле бо низом ва як барномаи мукаммал дар нишасти САҲА дар Варшава ширкат кардем ва дар маҷмӯъ аъзои Паймон дар ин конфронс аз рӯзи аввал хеле фаъол амал карда дар мачмӯъ зиёда аз 30 баромад намудем ва аксарияти ин баромадҳо дар сайти ин созмон ба нашр расиданд. Бар илова ду сайд-ивент гузарондем. Дар ҷараёни кори конфронс ҳайати роҳбарии Паймон бо намояндагиҳои 15 давлати узви САҲА дидор ва гуфтугӯҳо доштем ва ин гуфтушунидҳо хеле самарабахш анҷомиданд. Пас аз хатми кори конфронс ҳайати ПМТ бо институти тадқиқоти стратегии назди ҳукумати Поланд дидор ва гуфтугӯ доштем.

Гузаронидани митинги тазоҳуротӣ дар Олмон 12.10.2018.

Ширкати ҳайати 15 нафараи ПМТ бо роҳбарии раиси Паймон дар конфронси байналмиллалии маъруф ба номи «Ҳамоиши солонаи мусалмонони Фаронса» дар шаҳри Ле Буржеи Фаронса аз 19 то 22 апрел.

Ширкати ҳайати ПМТ дар ҳамоиши Бонн ва вохӯрӣ бо Рашид Ғаннушӣ.

Лағви конфронси таблиғотии ҳукумат алайҳи мухолифин аз ҷумла ҲНИТ дар Истонбули Туркия.

Ширкати ҳайати Паймон дар маҷлиси ҳуқуқи инсон дар Женев дар июли соли 2019 ва мулоқот бо созмонҳо ва шахсони алоҳида.

Сафари ҳайати Шӯрои Паймон ба давлати Шоҳигарии Норвеж ва дидору мулоқот ба мақомоти давлатии ин кишвар ва бо раёсати Кумитаи Хелсинкии Норвеж дар Осло.

Дар паи он дар худи ҳамин шаҳр ширкати хеле муваффақи аъзои Шӯрои Раҳбарии Паймон Шарофиддин Гадоев ва Равшани Темуриён дар ҳамоиши байналмиллалӣ бо ширкати чеҳраҳои матраҳ дар сиёсати байналхалқӣ.

Дар таърихи 19.05.2019 канали ютубии «Паймони Миллии Тоҷикистон» ташкил шуд, ки тавассути он раис ва аъзои Шӯрои раҳбарии Паймон пайғоми худро ба мардум мерасонанд ва чӣ хеле ҳамагон шоҳид будед, саволу ҷавобҳои раиси ПМТ бо шаҳрвандони Тоҷикистон баргузор шуд. То ба имрӯз теъдоди тамошобин дар ин канал наздик ба 1.5 миллион расидааст.

Дар мохи феврали соли 2019 бо ташаббуси Ассотсиацияи Муҳоҷирони ОМ дар Урупо конфронси байналмиллалӣ дар мавзӯъи «ОМ: ислоҳот, саркӯб ва ифротгароӣ» баргузор шуд.

Дар ҷараёни ин конфронс бо ташаббуси раиси Ассосиатсияи муҳоҷирони ОМ дар Урупо Илҳомҷон Ёқубов нияти таъсиси ҷоизае ба номи марҳум Файзинисо Воҳидова эълон гардид ва ахиран ду ҳафтае пеш рӯйхати ниҳоии се номзад барои дарёфти ин ҷоиза, ки ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд, эълон шуд.

Вохӯрии ҳайати ПМТ бо ҳайати калони дафтари САҲА дар Вена.

Пешниҳоди гузориши алтернативии АОТ, Euroasian Dialog ва Human Rights Vision ба Кумитаи ҳуқуқи башари СММ ва ширкати ҳайати чорнафараи он дар ҳисоботи Тоҷикистон дар назди ин созмон дар Брюсел.

Бо ташабусси тими ҳуқуқии паймон дар моҳи октябри соли 2018 тавассути чаҳор созмон байналхалқии ҳуқуқи башар: «Freedom Now”, “Lawyers For lawyers”, Hogan Lovells US LLP, DLA Pipper UK LLP парвандаи Бузургмеҳр Ёров ба СММ рафт ва тавассути гурӯҳи кории СММ оиди боздоштҳои худсарона ба поён расида, расонаӣ шуд. Аз ҳукумати Тоҷикистон талаб карда шуд, ки Бузургмеҳр Ёровро озод ва ба ӯ ҷуброн пардохт кунанд.

21.05.2019 парвандаи муовини раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ ҳамроҳ бо парвандаи даҳ узви дигари раҳбарияти аршади ҲНИТ низ тавассути Freedom Now ба гурӯҳи кории СММ оиди боздошти худсарона равон карда шуд.

Ин чунин аз тарафи департаменти ҳуқуқии паймон дар фейсбук саҳифаи ҳуқуқӣ бо номи «Ҳуқуқии ман – Моё право» ба мақсади расондани маслиҳатҳои ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон бо забонҳои тоҷикиву русӣ ба роҳ монда шуд.

Бародарон ва хохарон! Имрӯз дар шароити берун аз кишвар қарор доштан, чӣ хеле аз гуфтаҳои боло метавонед хулоса бароред, ПМТ дар се самти асосӣ фаъолият дорад. Фаъолиятҳо дар самти иттилорасонӣ, фаъолияти департаменти корҳои хоричӣ, фаъолияти департаменти ҳуқуқӣ ва то ҳадде дар ин се самт корҳои назаррасеро тӯли як сол анҷом додаем. Албатта шояд ки метавонистем дар ин се самт боз ҳам самараноктар фаъолият кунем.

Умед дорам ҷамъомадагон имрӯз нисбати ин гузориши банда нақд ва пешниҳодҳои ҷолибе ироа менамоянд ва аз тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон низ, ки ин гузориши моро тамошо мекунед, хоҳиши банда ҳамин аст, ки фикру андешаатонро пешкаш намоед ва барои пешбурди кори минбаъда ба маслиҳати ҳамагон ниёз дорем.

Аз дигар фаъолиятҳои соли сипаришуда ПМТ тӯли ин сол зиёда аз 20 изҳороту, паёмҳои мухталифро паҳн карда, дар тамоми масъалаҳо доғи рӯзи миллат худро дар канор нагирифтаву намегирад.

Фаъолияти ПМТ дар ин самтҳоро казияи узви Шӯрои раҳбарии ПМТ, раиси Ҷунбиши мардумии Ислоҳот ва рушд бародарамон Шарофиддин Гадоев, ки шукри Аллоҳ имрӯз дар ин нишаст ҳузур дорад, баръало намоён шуд. Бо корнамоӣ, мардонагӣ ва сарсупурдагии худи бародарамон Шарофиддин албатта, ки дар ин қазия ҳеҷ чиз муқоисашаванда нест, вале банда баъди раҳоии бародарамон дар ҳама ҷо мегуфтам ва боз мегӯям, ки дар байни як сохтори мухилифини тоҷик дар ин бистучанд сол шояд бори аввал бошад, ки аъзои ПМТ аз узви қаторӣ сар карда то раҳбарияти он аз дақиқаи аввал на ба худ ва на ба дигарон ин иҷозатро надодем, ки дар ин қазия рабуда шудани Шарофиддин Гадоев зери суол бурда шавад ва ба гумоне ва ё шаке дар зеҳни худиву бегона ҷое боқӣ нагузорем.

Ҳеҷ як паймоние дар ягон ҷое ҳатто заррае ҳам дар садоқати Шарофиддин ба ормонҳои тамоми муборизони тоҷик шак надоштем ва надорем ва маҳз аз ҳамин хотир тавонистем бо тамоми нерӯамон дар набарди иттилоотӣ, ҳуқуқӣ, ҳамоҳангӣ бо созмонҳои байналхалқӣ, сохторҳои давлатии кишварҳои урупоӣ ва расонаҳои гурӯҳӣ ва аз ҳама муҳим бо матонату ғайрати худи Шарофиддин муваффақ шудем, ки ин бародар имрӯз дар канори мост.

Албатта ки дар баробари дастовардҳо камбудиҳоямон низ зиёданд. Камбудии асосии як соли фаъолияти мо ин кори ниҳоят сусти Паймон бо ҷавононе, ки имрӯз дар Аврупо карор доранд. Бо он ҷавононе, ки дар оилаҳои худи муборизон ба воя расидаанд. Мо бояд сафи муборизонро оҳиста оҳиста ҷавон кунем. Банда худам ҳанӯз ба хулосае наомадам, ки чӣ гуна бо ҷавонон бояд кор кард, ки эшон дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъол гарданд ва рушд кунанд, вале мо бояд дар ин самт андеша кунем, ба хулоса оем ва амал кунем. Ва заъфи дигари Паймон ин фаъолият накардан дар байни муҳоҷирони тоҷик дар қаламрави муштаракулманофеъ.

Албатта ки шояд дар ин масъала мо он қадар фишангҳои зиёде надошта бошем ва шояд ҳам ба хотири бехатарии худи муҳоҷирон ҳанӯз фурсати он нарасида бошад, чун мо дида истодем, ки ҳар сари чанд вақт ҳатто ба хотири лайкмонӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ шаҳрвандони моро аз Русия ба Тоҷикистон истирдод менамоянд. Ба ҳамин хотир мо бояд дар соли оянда дар паи пайдо намудани воситаҳои тамос бо муҳоҷирони тоҷик дар ин кишварҳоро пайдо кунем ва аз ҷавонони худамон, ки дар Урупо қарор доранд низ фаромӯш накунем.

Бародарон ва хоҳарони ниҳоят азиз, ҳамватаноне ки имрӯз моро тамошо доранд! Мутмаин бошед, роҳе ки мову шумо интихоб кардаем, ин роҳест ниҳоят пуршараф, шояд ин вичдон, шараф, имон, матонат, азхудгузаштагии мову шуморо интихоб карда бошанд ва ҳар рӯз аз дохили зиндон аз бародарони мо паёмҳое мерасанд, ки иродаи моро дучанд мекунанд. Ба хотири як ҷумла онҳоро чӣ қадар шиканҷа мекунанд, вале он ғайрату матонате, ки онҳо доранд моро даҳчанд нерӯ мебахшанд, ки бари раҳоии бародарони зиндониамон ва барои раҳоии тамоми шаҳрвандонамон аз чанголи ин Заҳҳок боз фаъолтар ва муассиртар амал намоем. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *