Баъди азобу шиканҷаҳои чаҳорсола ва манъи дидор бо ҳамдигар, рӯзи чандум аст, ки мақомоти зиндони рақами яки шаҳри Душанбе ба зиндониёни сиёсӣ – аъзои Раёсати олии ҲНИТ иҷоза додаанд бо ҳам мулоқоту гуфтугӯ намоянд. Гузашта аз ин, худи мақомоти зиндон онҳоро ба ин вохӯриҳо тарғиб мекунанд ва зиндониёнро якҷо ҷамъ меоранд.
Зиндониёни сиёсии ин муассисаи ислоҳотӣ, ба хусус аъзои Раёсати олии ҲНИТ Маҳмадалии Файзмуҳаммад, Зубайдуллоҳи Розиқ, Ҳикматулло Сайфуллозода ва Раҳматуллоҳи Раҷаб чанд рӯзи охир ба илтифоту меҳрубонии ғайриинтизори мақомоти зиндони рақами 1 рӯбарӯ шудаанд. Ба онҳо иҷозаи мулоқот бо наздиконашон ва бо якдигар дода мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар 4 соли маҳбусӣ бо шиддат аз вохӯрии онҳо бо якдигар, ба хусус ҷамъшавиашон пешгирӣ мешуд.
Ҳамчунин шароити будубоши онҳо беҳтар гардонида шуда, муносибати зиндонҳо бо онҳо низ комилан тағйир кардааст.
Як манбаъ аз ин зиндон ба Паём гуфт, ки тамоми ин тағйирот ба нишасти САҲА, ки рӯзи душанбе, 16 сентябр шурӯъ мешавад, бастагӣ дорад. Мақомот махсус ин вохӯриву ҷамъшавии аъзои зиндонии ҲНИТ-ро ташкил кардаанд, то онро сабт карда дар нишасти Варшава намоиш диҳанд.
Ин манбаъ гуфт, ки чанд зиндонбон ва маҳбус супориш гирифтаанд, вохӯрии наҳзатиён, ба хусус ҳолатҳоеро, ки онҳо бо ҳам сӯҳбат мекунанду механданд, пинҳонӣ сабт намоянд.
Мақомоти Тоҷикистон дар ҳоле аз шароити хуби зиндониёни сиёсӣ мехоҳанд филм намоиш диҳанд, ки мухолифин аз нашри як мачалла, ки яке аз бахшҳояш шиканҷа дар зиндонҳост, хабар дода буданд. Ин маҷалла қарор аст дар нишасти САҲА тақсим шавад. Дар ин бора рӯзи панҷшанбе раҳбари дафтари иттилоотии ПМТ Темур Варқӣ гузориш дод.
Ҳамчунин расонаҳо дар бораи азсаргирии шиканҷаи Муҳаммадалӣ Ҳаит, муовини раиси ҲНИТ хабар дода буданд. Мақомот аз ӯ хостаанд дар арафаи нишасти САҲА алайҳи ҳизбаш ва мухолифин дар умум сӯҳбат кунад.