Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кард, ки тарҳи буҷаи ҳукумати Тоҷикистон барои соли 2020 охирҳои моҳи августи имсол таҳия шуда, моҳи сентябр барои баррасӣ ба Комиссияи буҷа ироа хоҳад шуд.
Бахши даромади буҷа дар соли 2020 дар ҳаҷми 26,2 млрд сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, гуфта мешавад дар пешбинии вазорат. Ин 10,5% ё 2,5 млрд сомонӣ бештар аз буҷаи соли ҷорист.
Аз ҷумла вазорат умедвор аст 19,5 млрд сомонӣ аз даромадҳои ҷорӣ, бештар аз 1,6 млрд аз воситаҳои махсус ва ҳудуи 5,2 млрд аз ҳисоби қарзу грантҳо ба даст орад.
Қисми хароҷоти буҷа дар ҳаҷми 26,5 млрд сомонӣ, ки нисбати соли ҷорӣ 9,5% бештар аст, ба нақша гирифта шудааст.
Бахши харҷи буҷаи соли 2019-и ҳукумати Тоҷикистон 24 миллиарду 200 миллион сомонӣ таъин шудааст, ки дар муқоиса бо буҷаи соли 2018 13% зиёд мебошад.
Ҳамчунин бахши даромадии буҷа барои соли 2019, 24 миллиарду 643 миллион сомонӣ муқаррар шуда, ки дар муқоиса бо буҷаи соли 2018, 7,5 % бештар аст.
Бо ин ҳисоб бар асоси талаботи қонуни навтасвибшудаи Тоҷикистон, аз ҳисоби буҷаи давлат бояд имсол 350 миллион сомонӣ ба сандуқи захираи Эмомалӣ Раҳмон ворид шавад