Рубрики Хабарҳо

Охирин шонси Эмомалӣ Раҳмон

«Зулм сабаби торикиҳо дар рӯзи қиёмат аст».

Ин ҳадиси Паёмбари Худо (с) аст, Бухорӣ аз тариқи Ибни Умар (р) ривоят кардааст (1117).

Ва дар дигар ҳадисе, ки Бухорӣ аз Абӯҳурайра ривоят кардааст, Паёмбари Худо (с) фармуданд:

«Касе ки бар зиммаи вай аз бародари мусалмонаш зулме, аз шарафу обрӯ ва ё чизи дигаре бошад, имруз пеш аз омадани рӯзе, ки на дар он дирҳаме бошад ва на диноре, аз вай бахшиш бихоҳад, варна агар амали неке дошта бошад ба андозаи ҳаққи он шахс ба вай дода мешавад ва агар амали нек надошта бошад аз гуноҳони шахси мазлум гирифта мешавад ва бар зиммаи шахси золим гузошта мешавад» (1118).

Худованд дар сураи Иброҳим ояи 42 мефармояд: «Ва ҳеҷгоҳ Худоро аз он чи золимин анҷом медиҳанд,ғофил мапиндор. Ҷуз ин нест, ки онҳоро мӯҳлат медиҳад барои рузе, ки чашмҳо дар он рӯз (аз тарси маҳшар) хира мегардад»

Уламои ислом тибқи фармудаҳои Каломи Худо ва аҳодиси Паёмбари Худо (с) ҳолатҳои содир шудани гуноҳро ба се тақсим кардаанд:

1. Гунохе, ки содир мешавад байни Худо ва банда. Ин гуноҳро Худо мебахшад, агар банда ба тавба руҷғъ кунад.

2. Гуноҳе, ки содир мешавад байни Худо ва банда, ки Худо намебахшад. Ин ширк овардан ба Худо аст.

3. Гуноҳе, ки содир мешавад байни банда ва банда, ки дар асл ӯро зулм мегӯянд, ки инро Худо намебахшад магар бо ризои шахси мазлум.

Агар мо як таҳқиқе дар низоми давлатдории режими Раҳмон анҷом бидиҳем ва он зулме, ки ин шахс бо зердастонаш болои ҳазорҳо афроди миллати тоҷик овардааст, фикр мекунам, ки рӯзи қиёмат дигар ҳеҷ шонсе барои озод шудан аз оташи дӯзах надорад. Чаро ки милдионҳо мардуми мазлум болои ин шахси золим дар он рӯз даъво мекунанд. Дар зоҳир ин мард ибодате надорад, ки савоб касб карда бошад, то Худо савобҳояшро гирифта ба шахси мазлум бидиҳад. Факат ин кадар мемонад,ки гуноҳони шахси мазлумро гирифта ба ӯ бор мекунанд. Агар гуноҳони милионҳо нафари мазлумро Худованд бар зиммаи ин золим гузорад, ҳоли ин золим чӣ мешавад? Ба Худо паноҳ мебарем.

Эмомалӣ Раҳмон фақат як шонс дорад, он ҳам дар дунё: Аз зулм даст мекашад ва аз миллат узр мехоҳад ва касонеро,ки ноҷавонмардона бо тӯҳмат вориди зиндонҳо кардааст, озод карда, ҷуброн мепардозад. Ва барои хиёнате, ки нисбат ба сулҳи тоҷикон кардааст дар назди мухолифин узрхоҳӣ карда, аз сари қудрат меравад. Тамоми пулҳои дуздидаашро бармегардонад. Ин шонси наҷоти ӯст агар имон ба Худо дошта бошад. Вагарна интизор шавад, ки Худо болои ӯ бо азобе меорад, ҳамчуноне ки болои Намрӯду Фиръавну Ҳомону Шаддод дар торихҳои гузашта ва мисли Гитлеру Ленину Сталин дар торихи муосир.

Мехоҳам як ҳушдоре барои он касоне, ки ин режимро ёрӣ мекунанд ё дар баробари зулму ӯ хомӯш ҳастанд бидиҳам. Дар ривояте дар Муснади Имом Абуханифа (р) омадааст, Паёмбари Худо (с) фармуд: «Золимҳо ва кӯмаккунандаҳои золимҳо дар дӯзах ҳастанд»

Бухори ҳам ҳадисе аз тариқи Анас (р) ривоят кардааст, ки Паёмбари Худо (с) фармуд: «Бародари мусалмонатро чӣ золим аст ва чӣ мазлум кӯмак намо!” Пурсиданд: Эй Расули Худо кӯмак расонидан ба мазлум бале, вале ба золим чӣ гуна кӯмак намоем? Фармуданд: Ӯро аз кардани (зулм) монеъ шав!»

Хомӯш истодан дар баробари зулм ин нишонаи розӣ будан дар ҳамон зулми золим аст. Бояд шахси мусалмон ба миқдори тавоноияш дар муқобили зулм мубориза барад, агарчӣ бо забонаш бошад, зеро агар анҷом надиҳад ба ваъиди (ҳушдори) Худо гирифтор мегардад.

Худованд дар сураи Анфол ояи 25 мефармояд: «Хештанро аз бало ва мусибате, ки (болои золим меояд) дур доред, ки танҳо домангири касоне намегардад, ки зулм мекунанд (яьне агар пеши зулми ситамгорон гирифта нашавад хушку тар ба гунохи онон месузад). Ва бидонед ҳар оина Худо иқобкунандаи сахтгир аст.»

Абдулқодири Муҳаммадсиддиқ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *