Давлати Беларус эълом кард, ки қасд дорад 15 мақоми аршади Иттиҳодияи Аврупо ва раҳбарони кишварҳои Аврупоиро таҳрим кунад.
Владимир Маки, вазири хориҷаи Беларус аз тасмими давлати Миснк барои таҳрими 15 мақоми Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои аврупоӣ хабар дод .
Ҳамчунин Александр Лукашенко, раисҷумҳури Белорус ҳафтаи гузашта дар як ҷаласа дарбораи сиёсати хориҷаи ин кишвар ин мавзӯро матраҳ карда аст.
Владимир Маки, дар мусоҳиба бо канали як Беларус гуфта, ки мо дар бораи иқдомоти мутақобил алайҳи Иттиҳодияи Аврупо баҳсу ройзанӣ кардаем . Иттиҳодияи Аврупо даҳҳо мақоми Беларусро таҳрим карда аст бинобар ин мо низ қасд дорем листи таҳримии худамонро дошта бошем, ки шомили мақомоти аршади Иттиҳодияи Аврупо ва раҳбарони бархе кишварҳои аврупоӣ хоҳад шуд.
Иттиҳодияи Аврупо бо ҳимоят аз мухолифони давлати Белорусия , то кунун 40 мақоми ин кишварро таҳрим карда, қасд дорад 14 мақомдори дигар аз ҷумла Александр Лукашенкоро низ таҳрим кунад.
Афроди таҳрим шуда аз сафар ба кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо манъ шуда ва дороиҳои онҳо дар кишварҳои аврупоӣ масдӯд мешавад.
Ба дунболи баргузарии интихоботи моҳи август дар Беларус, ки ба пирӯзии Александр Лукашенко бо касби 80 дарсади оро анҷом ёфт, мавҷе аз эътирозот дар ин кишвар дар эътироз ба натиҷаи интихобот ба роҳ афтод, ки ҳамчунон идома дорад . Бисёре бар ин боваранд, ки ин эътирозҳо бо ҳидояти созмонҳои ҷосӯсии Амрикоӣ шакл гирифта аст .