Categories Хабарҳо

Эрон аз дастовардҳои ҷадид дар сохти паҳподу моҳвораҳо хабар дод

 Раиси маркази миллии фазоии Эрон эълом кард, ки кишвараш бо сохтани  паҳпод ва моҳвораи мушоҳидагар ба дастоварди ҷадиде дар ҳавзаи фазо даст ёфтааст. 

 Бино ба иттилои раиси маркази фаазоии Эрон  донишмандони ҳавзаи ҳавофазоии ин кишвар тавонистаанд  моҳвора ва паҳподҳое бисозанд, ки аз фазо ба тавони мушоҳидаи ҷисмҳои кӯчаки то  20 сантиметри дар заминбуда, даст ёбанд.

Манучеҳр Мантиқӣ,  раиси маркази миллии фазоии Эрон ба хабаргузории Тасним гуфтааст: «Пеш аз ин қудрати шиносоии моҳвораҳо аз ҷисмҳои дар заминбуда, ба ҳаҷми  10 метр буд ва иттилооти дақиқтар бояд аз кишварҳои дигар бо сарфи маблағи ҳангуфт харидорӣ мешуд. Ҳамакнун ин дастовард имкон медиҳад, ки Ҷумҳурии исломии Эрон барои иттилоотҳои хоса маблағро сарфа кунад» 

Мантиқӣ шарҳ додааст, ки  «қаблан барои дарёфти иттилооти ҷисмҳои то як метрӣ бояд 25 доллар барои ҳар километри мураббаъ пардохт мешуд, акнун бидуни инки маблағе сарф шавад корҳои мушоҳидавӣ анҷом меёбанд. 

 Илова бар ин, ба гуфти Манучеҳр Мантиқӣ,  Эрон ба нармафзорҳое даст ёфтааст, ки агар пештар мехост онҳоро аз хориҷ таъмин кунад, бояд маблағҳои  фавқулода зиёдеро пардохт мекард.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *