Рубрики Хабарҳо

Чин аз Русия ва Укроин хост, монеъи густариши ҷанг шаванд

Вазири хориҷаи Чин аз Русия ва Укроин хост, ҷилави густариши ҷангро бигиранд ва нагузоранд авзоъ аз контролашон хориҷ шавад. Бо вуҷуди густариши муносиботи иқтисодӣ миёни Пекин ва Маскав дар моҳҳои ахир, Чин аз таҳоҷуми Русия ба Укроин пуштибонӣ намекунад. 

Си Тзинпин, раисҷумҳури Чин ва Владимир Путин ҳамтои руси ӯ андаке пеш аз таҷовузи низомии Русия ба хоки Укроин равобити ду кишварро беҳадду марз хонданд. 

Бо ин ҳол Путин дар ҷанг алайҳи Укроин наметавонад ба пуштибонии беқайду шарти Чин умед бандад, гарчи муносиботи иқтисодии ду кишвар пас аз ҷанг афзоиш ёфтааст. 

Хабаргузории Фаронса бомдоди якшанбе 25 сентябр гузориш дод, вазири хориҷаи Чин ба тарафҳои даргир дар муноқишаи Укроин ҳушдор дод ҷилави густариши буҳронро бигиранд ва аз манофеъву ҳуқуқи машрӯъи кишварҳои дар ҳоли тавсеа муҳофизат кунанд. 

Вонг Яй дар суханронии худ дар маҷмаъи умумии Созмони милал дар Ню-йорк, Русия ва Укроинро фаро хонд ба талошҳои дипломатик рӯй оваранд ва афзуд, лозимаи ин кор музокироти одилона ва амалгароёнаи сулҳ аст. 

Фармони басиҷи бахше аз нерӯҳои захираи Русия 

Ҳамлаи низомии нерӯҳои русӣ ба Укроин 24 феврали имсол ба фармони Путин оғоз шуд. Нерӯҳои укроинӣ дар ҳафтаҳои ахир муваффақ шудаанд бахше аз манотиқи ишғолшударо бозпас бигиранд ва сарбозони русиро водор ба ақибнишинӣ аз бархе ҷабҳаҳо кунанд. 

Раисҷумҳури Русия рӯзи чаҳоршанбе дар як суханроние, ки аз телевизиони давлатӣ пахш шуд эълом кард, фармони “басиҷи нисбӣ” афроди захираи нерӯҳои мусаллаҳро имзо кардааст. 

Ба гуфтаи Сергей Шойгу, вазири дифоъи Русия фармони Путин барои басиҷи ҳудуди 300 ҳазор нафар аз нерӯҳои захира аст. Яке аз ҳадафҳои ин иқдом фароҳам кардани заминаи “озодсозӣ” минтақаи Донбасс дар шарқи Укроин унвон мешавад. 

Фармони Путин бо эътирозҳои шадиде дар Русия рӯ ба рӯ шуда ва гуфта мешавад танҳо тайи як шаб ҳудуди ҳазору 200 мӯътаризи русӣ боздошт шудаанд. 

Киев ва бисёре аз нозирони ғарбӣ фармони Путинро нишонаи заъф арзёбӣ карда ва онро бо пирӯзиҳои ахири нерӯҳои укроинӣ дар озодсозии бархе манотиқи ишғолӣ муртабит медонанд. 

Тақдири Путин аз “мавзеъи мутаодил”-и Чин 

Чин дар ҳафт моҳи гузашта аз маҳкум кардани таҳоҷуми низомии Русия ба Укроин худдорӣ карда ва дар айни ҳол аз таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав ва ирсоли таслиҳот ба Киев интиқод кардааст. 

Путин ба тозагӣ ва дар иҷлоси Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар Узбекистон баргузор шуд, бо раисҷумҳури Чин дидор ва аз “мавзеъи мутаодил”-и ин кишвар дар қиболи ҷанги Укроин қадрдонӣ кард. 

Чин бо вуҷуди муносиботи наздик бо Русия ва афзоиши муносиботи тиҷории миёни ду кишвар пас аз ҳамла ба Укроин, то кунун аз ибрози ҳамбстагӣ бо Маскав худдорӣ карда ва зоҳиран тамоюл надорад равобити иқтисодӣ бо Ғарбро ба хатар андозад. 

Муноқишаи Чин ва Амрико бар сари Тайван 

Вазири хориҷаи Чин дар суханронии худ дар Ню-Йорк нисбат ба дахолати хориҷӣ дар “масълаи Тайван” низ ҳушдор дод ва таъкид кард, ки Пекин бояд бо фаъолиятҳои ҷудоиталабона дар иртибот бо истиқлоли Тайван қотеъона муқобила кунад ва гомҳои қотеъонае алайҳи дахолати хориҷӣ бардорад. 

Чин Тайванро як минтақаи ҷудошуда аз худ медонад, ки бояд дубора ба ин кишвар мулҳақ шавад. Пекин борҳо ва тозагии қотеъонатар аз пеш гуфтааст, дар сурати ниёз, ин кор бо истифода аз нерӯи низомӣ анҷом хоҳад шуд. 

Тайван то авохири қарни нуздаҳум бахше аз сарзамини Чин буд аммо 1895 ба императории Ҷопон мулҳақ шуд. Аз поёни ҷанги ҷаҳонии дувум Тайван аз султаи Ҷопон хориҷ шуд, аммо мавқеияти он ба ташкили Ҷумҳурии халқии Чин дар соли 1949 ва даврони ҷанги сард ҳамвора норавшан ва мубҳам будааст. 

Иёлоти муттаҳида аз соли 1979 ҳокимияти Чин бар Тайванро ба расмият мешиносад бо ин ҳол аз тамоюли шаҳрвандони ин ҷазираҳо барои эъломи истиқлоли ҳимоят мекунад. 

Андаке пас аз ҳамлаи Русия ба Укроин Чин низ бар шиддати таҳдидҳои низомии худ алайҳи Тайван афзуд. Ҷо Байден ҳафтаи гузашта бори дигар эълом кард, ки дар сурати ҳамлаи Чин ба Тайван, низомиёни амрикоӣ аз он дифоъ хоҳанд кард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *