Рубрики Хабарҳо

Барқ дар зимистон аз куҷо пайдо шуд?

Баъди беш аз бист зимистони бебарқ, имсол, дар қалби зимистон, мардуми кишвар мушарраф ба дарёфти барқ бидуни “лимит”, яъне шабонарӯзӣ шуд. Хушхабаре, ки касе мунтазираш набуд, ҳатто раисҷумҳур. Чун ӯ ҳамагӣ чанд рӯз қабл ваъда карда буд, ки танҳо дар соли 2020 мардуми Тоҷикистон ба ин рӯзи хушбахтӣ хоҳанд расид.

Пас барқ аз куҷо расид? Дар ҳоле, ки қаблан дар зимистон на бештар аз 8 соат барқ дода мешуд ва ҳатто дар шаҳрҳо мардум ба камбуди барқ мувоҷеҳ буданд. Пас имсол барои 16 соати дигар мардум аз куҷо ва кадом ҳисоб ба барқ таъмин карда мешавад?

Ба кор даромадани Маркази гармидиҳии Душанбе ҳам, ки Эмомалӣ Раҳмон дар он ширкат ва суханронӣ кард, наметавонад камбуди барқро барҳам диҳад. Худи раисҷумҳури Тоҷикистон ҳам гуфта буд, ки ин марказ қодир аст танҳо Душанберо ба барқ таъмин кунад. “Барқи Тоҷик” ҳам баъди ба кор даромадани ин марказ, эълон кард, ки “лимит”-и барқ дар кишвар барои як соат кам карда мешавад. Баъдан онро ба ду соат расониданд, аммо ҳеҷ ҳарфе аз пурра бардоштани лимит набуд.

Ин фарзия ҳам байни мардум пайдо шудааст, ки баъди изҳороти Абдулқайюм Кӯчай, сафири Афғонистон дар Русия, Тоҷикистон бо нишони эътироз интиқоли барқ ба ин кишварро қатъ кардааст. Аммо ин фарзияро метавон бидуни ҳеҷ шубҳае рад кард. Аввал ин, ки бо эътирофи Салоҳиддин Раббонӣ, вазири корҳои хориҷаи Афғонистон, Тоҷикистон Кобул ва ду вилояти ин кишварро бо барқ таъмин мекунад. Зимни изҳороташ ӯ Тоҷикистонро кишвари дӯсте хонд, ки ин се минтақаро бо барй таъмин мекунад. Аммо аз қатъи интиқоли барқ ҳарфе нагуфт. Қатъи барқи пойтахт наметавонад дар вокуниши ин мақом нақш нагузорад. Ин изҳориназари Раббонӣ сирри дигареро ҳам фош кард, ки ба он ҳатман ҷои дигар бар хоҳем гашт.

Сониян расонаҳои афғонӣ озоданд ва қатъи интиқоли барқ аз тарафи Тоҷикистон ҳатман шӯреро онҷо бармеангехт. Бо ин делел,ки ҳеҷ расонаи афғонистонӣ аз қатъи интиқоли барқ ҳарфе назадааст, метавон бо сароҳат гуфт, ки чунин нашудааст.

Пас ин қадар барқи иловагӣ дар кишвар аз куҷо пайдо шуд? Ва чаро мақомот аз расидан ба истиқлоли энергетикӣ таблӣ шодӣ намезананд? Чаро эълон намекунанд, ки лимит то кай бардошта шудааст? Ва чаро шарҳ намедиҳанд, ки барқ аз куҷо пайдо шуд?

Чун масъала сода нест. Ба тахмини мо барқ аз ҳамон ҷое пайдо шудааст, ки ин қадар сол ба ҳамонҷо мерафт — аз ТАлКо. Ин ширкати бузург, ки тӯли фаъолияташ аз 30 то 45 дарсади барқи истеҳсоли Тоҷикистонро бо камтарин нарх дарёфт мекард, дигар ба барқ эҳтиёҷ надорад. Аниқтараш ба барқи зиёд эҳтиёҷ надорад. Зеро бештари дегҳои алюмингудозии ин ширкат корношоям шудаанд.

Тахмини мо ҳам аз ҳаво нест. Баъзе иттилооти дарёфтӣ аз ин гувоҳӣ мидиҳанд, ки ТАлКо бо камтарин иқтидораш фаъолият мекунад. Дар садамаи 28-октябр, ки Тоҷикистон, аз ҷумла ТАлКо-ро барои 3 соат бебарқ гузошт, дегҳои алюмингудозии ин ширкатро ба оҳанпора табдил додаанд.

Аммо чаро беш аз ду моҳ ин ширкат барқ мегирифт ва он ба мардум дода намешуд? Бо гумони ғолиб масъулин ва мутахассисони ин ширкат давоми ин муддат кӯшиш карданд дегҳоро барқарор кунанд, вале муваффақ нашуданд. Баъдан зуд ба мардум додани ин қадар барқ суолҳои зиёдеро бармеангехт ва сирри аз фаъолият бозмондани бузургтарин ширкати Тоҷикистон ошкор мешуд. Вақте маълум шуд, ки дегҳо қобили барқароркунӣ нестанд, қарор доданд барқро беҳуда ба ҳаво напартоянду ба мардум диҳанд. то ҳади ақал қисмате аз фоидаи аздастрафтаи ТАлКо-ро аз фурӯши барқ ба даст оранд. Таъкиди Эмомалӣ Раҳмонро рӯзи 14 январ оиди пардохти саривақтии пули барқ ба хотир оред.

Фарзияи дигар ин аст, ки корношоям шудан ва дигар барқарор нашудани дегҳои ТАлКо аз аввал маълум буданд, чун худи масъулин борҳо эълон карда буданд, ки дар сурати барои беш аз ду соат аз кор мондани дегҳо, онҳо корношоям мешаванд. Вале ҳукумат давоми ин муддат барои барқи аз ТАлКо боқимонда харидор мекофт. Чун харидоре пайдо накарданд, қарор доданд бо нархи арзонтар ҳам бошад ба мардуми кишвар фурӯшанд.

Суоли дигаре пайдо мешавад, ки агар он садама ин қадар хисорати бузурге ба кишвар ворид кардааст, чаро касе муҷозот нашуд? Ҳатто натиҷаи санҷиш ҳам, ки ҳукумат рӯзи дигари садама аз оғозаш хабар дода буд, то ҳол эълон нашудааст. Сабаби садама чӣ буд? Кӣ гунаҳкори он садама буд ва чаро ҷазо надид?

Аз касе пӯшида нест, ки ТАлКо ба Ҳасан Асадуллозода тааллуқ дорад. Нафаре ё ниҳоде, ки бо айбаш ин ғӯли иқтисоди кишвар аз даромаде чун ширкати алюминӣ маҳрум шавад, наметавонад бе ҷазо монад. Албатта агар он гунаҳкор болотар аз дастрасии Ҳасан қарор надошта бошад. Пас метавон тахмин зад, ки садама бо даст ё фармони оне ба амал омадааст, ки зӯри Ҳасан ба ӯ намерасад.

Чанд сол аст, ки тибқи иттилои шоҳидон, Рустами Эмомалӣ, писарбузурги раисҷумҳури кишвар ва инак мири Душанбешаҳр мехоҳад ТАлКо-ро аз дасти тағояш бигирад, аммо ба мухолифати волидонаш дучор омадааст. Чун онҳо намехоҳанд байни авлод ҷанг шурӯъ шавад. Бинобар ин Рустам қарор додааст “барзаговро аз шохаш бигирад”: Қатъи фаъолияти бузургтарин корхонаи кишвар ангушти айбнаморо пеш аз ҳама тарафи онҳое хоҳад бурд, ки ширкатро идора мекунанд. Бо ҳамин баҳона мешавад ҳамаро канор зад: сар аз соҳиби пасипардагии он то раису менеҷерҳои ширкатро. Ва идораи онро ба даст гирифт.

Албатта хисороти бузурге ба ширкат ворид шудааст. Аммо Рустам чӣ парвое аз хисорот дорад, вақте мешавад онро аз ҳисоби давлат пӯшонду даромадашро ба кисаи худ зад?  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *